Дар Душанбе Форуми VII байнипарламентии Тоҷикистону Русия баргузор гардид

Shared to Facebook

25 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии “Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақаӣ” доир гардид. Дар Форум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко суханронӣ карданд.

Сипас, дар ҳузури раисони палатаҳои болоии парламентҳои ҳарду кишвар Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Русия дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстӣ имзо шуд.

Кори Форуми VII байнипарламентии “Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақаӣ” таҳти раёсати ҳамраисони Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Николай Журавлев идома ёфт.

Гуфта шуд, ҳамкории самараноки Тоҷикистон ва Русия дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бо маром рушду тавсеа ёфта, марҳилаҳои сифатан нав касб менамоянд ва муколамаҳои пайвастаи сатҳи баланд заминагузори рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниҳукуматии Тоҷикистону Русия гардидаанд.

Аз ҷумла, мулоқоту суҳбатҳои доимии роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо, баргузории форуму конференсияҳои байнипарламентӣ, кори Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Русия, инчунин иштироки намояндагони парламентҳо дар интихоботу раъйпурсиҳо дар рушди робитаҳои байнипарламентӣ нақши созгор дорад.

Дар ҷараёни форум ҳамчунин аъзои ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Русия суханронӣ намуда, доир ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Русия, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират, илму маориф ва тандурустӣ байни ҳам табодули афкор намуданд.

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия, инчунин ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои Форуми байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия иштирокдорони он барои қабули тавсияҳо дар бахши меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамкории байнипарламентӣ, фаъолияти лоиҳавию барномавӣ, ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисод, ҳамкорӣ дар масъалаи низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохтӣ, истеҳсолоти агросаноатӣ, муҳоҷират, илм, маориф ва фарҳанг ба мувофиқа расиданд.

Бо дарназардошти тавсияҳои мизҳои мудаввар ва табодули андешаи иштирокдорон ҳуҷҷати ниҳоии Форуми VII байнипарламентии “Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақаӣ” қабул карда шуд.