Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ ташаббусҳои Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Shared to Facebook

Имрӯз, 12 октябр, дар шаҳри Брюссел Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид, хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон аз имкони дидору мулоқот изҳори сипос карда, хонум Тери Ҳакаларо барои таъин шуданаш ба вазифаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ табрик гуфтаанд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳоро дар сархати аввали робитаҳои дуҷониба гузоштаанд:

“Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд”.

Таъкид шудааст, ки робитаҳо дар доираи Муколамаи сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои сиёсат ва амният, инчунин вохӯрии қарибулвуқуъи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушду густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки Тоҷикистон барои ҳамкории зич бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи тиҷорат ва истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, омода аст.

Кумитаи ҳамкорӣ ва зеркумита оид ба ҳамкорӣ майдони мусоид барои баррасии масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ номида шудааст.

Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон бо дарназардошти решаҳои умумӣ ва робитаҳои таърихан муқарраршудаи халқҳои Осиёи Марказӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар дохили минтақа афзалият медиҳад.

Зимни мулоқот ба татбиқи барномаҳо дар доираи ҳамкории васеи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба рушди робитаҳо дар соҳаи амният, изҳори ҳавасмандӣ карда шудааст.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа, таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала нақши боризи ҷониби Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ташаккули “иқтисоди сабз” баланд арзёбӣ карда, барои минбаъд низ дастгирӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон изҳори омодагӣ намудааст.