Конститутсияи Қазоқистон – пояи асосии ваҳдати мардум ва Истиқлолияту озодӣ

Shared to Facebook

Дар Қазоқистон 30 август Рӯзи Конститутсия таҷлил карда шуд. Ҳар сол ин кишвар Рӯзи Конститутсияро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирад. Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар табрикоташ вобаста ба ин ҷашн гуфт:

“Имсол ин ҷашн аҳамияти махсуси сиёсӣ пайдо мекунад. Натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ягонагии халқи моро ва дастгирии қатъии ислоҳоти васеъмиқёсро ба навсозии ҳамаҷонибаи кишвар нишон дод”, — гуфт вай.

Президент гуфт, мардуми қазоқ Қазоқистони навро якҷоя бо назардошти принсипҳои волоияти қонун, адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳама бунёд мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, замоне фаро расидааст, ки ҳар як шаҳрванди масъул метавонад иштирокчии фаъоли ислоҳот гардад ва дар рушди давлат саҳм гузорад.

Тоқаев қайд кард, ки арзишҳои демократияи дар Конститутсия эълоншуда, кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон самти стратегии рушди Қазоқистонро дақиқ муайян мекунанд:

“Ҳадафи асосии ислоҳоти пешбинишуда баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон, таҳкими пайвастаи давлатдорӣ ва рушди мутаносиби ҷомеа хоҳад буд. Барои иҷрои ин вазифаҳои душвор кишвари мо ба ҳар яки шумо, ҳамватанони азиз ниёз дорад”, — афзуд президент.

Имсол ба шарафи Рӯзи Конститутсия қазоқистониён рӯзҳои 28, 29 ва 30 август истироҳат карданд. Дар рӯзҳои ид дар Нур-Султон ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон қатор чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд.

Аз ҷумла, рӯзи 27 август дар Китобхонаи миллии академӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Конститутсия. Жана Қазоқистон. Каркинди қадамдар” баргузор гардид, ки дар он ходимони сиёсӣ ва давлатӣ ва намояндагони зиёиён иштирок карданд. Аз ҷумла, дар ин ҳамоиш ислоҳоти нави сиёсии марбут ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсия баррасӣ карда шуд, хабар медиҳанд расонаҳои он кишвар.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз дар Боғи президентӣ бо иштироки гурӯҳҳои маъруфи эҷодии ҷавонон консерти кушод доир гардид.

28 август дар мавзеи назди ҳайкали Курмангази “Күй жәрмеңкесі” баргузор шуд. Худи ҳамон рӯз дар саҳнаи Амфитеатр дар соҳили Есил консерти оркестри эстрадӣ ва симфонии “Остона” доир шуд.

Рӯзи 29 август дар Филармонияи пойтахт консерти идонаи “Ата Заңым – айбарым” бо иштироки дастаҳои эҷодии шаҳр баргузор шуд.

30 август дар робита ба Рӯзи Конститутсия дар шаҳр бо иштироки варзишгарон ва ҳаваскорон мусобиқаи оммавии велосипедронӣ ва фестивали лижаронӣ доир гардид.

Ҳамчунин, дар робита ба Рӯзи Конститутсияи Қазоқистон барномаҳои зиёди фарҳангӣ, варзишӣ, консертӣ ва фароғатӣ баргузор гардиданд, ки баёнгари таърихи бой, санъат ва анъанаҳои мардуми қазоқ буданд.

Конститутсияи Қазоқистон 30 августи соли 1995 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷати асосии кишвар мебошад, ки иродаи мардум ва хоҳиши онҳоро барои таъсиси Қазоқистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ инъикос мекунад. Тибқи он арзишҳои олии инсон — ҳаёт, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мебошанд. Таҳия ва қабули Конститутсия яке аз марҳилаҳои асосӣ ва ҳалкунандаи роҳи истиқлолияти Қазоқистон арзёбӣ мегардад.

Дар Қазоқистон Конститутсия ду маротиба бо фосилаи ду сол қабул карда шуд. Бори аввал — соли 1993. Шӯрои Олӣ барои тасвиби Қонуни Асосӣ раъй дод.

Конститутсия бисёр меъёрҳои ҳуқуқиро дар бар мегирифт — принсипи тақсимоти ваколатҳо, эътирофи забони қазоқӣ ба сифати забони давлатӣ, эътирофи президент ҳамчун сарвари давлат ва ғайра.

Пас аз ду сол, дар моҳи августи соли 1995, Конститутсияи Қазоқистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Пеш аз қабули Қонуни асосии нави кишвар аҳолӣ лоиҳаи Конститутсияро фаъолона муҳокима мекарданд: зиёда аз 30 ҳазор муҳокимаи дастаҷамъии лоиҳа, ки дар он зиёда аз се миллион шаҳрвандон иштирок доштанд.

Дар натиҷаи муҳокимаи оммавӣ қариб 30 ҳазор таклифу пешниҳод ва эродҳо фиристода шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ба 55 моддаи Қонуни Асосӣ зиёда аз 1100 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Баъдан дар солҳои 1998, 2007, 2011 ва имсол ба Конститутсияи Қазоқистон чор маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Қазоқистон худро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд эълон кардааст, ки арзишҳои олии он инсон, ҳаёт, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мебошанд.

Конститутсияи Қазоқистон дорои эътибори олии ҳуқуқӣ аст: ҳама қонунҳо, фармонҳои президент, қарорҳои ҳукумат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамаи мақомоти давлатӣ бояд ба меъёрҳои он асос ёбанд ва набояд хилофи он бошанд. Конститутсия ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бевосита таъсир мерасонад: шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар суд ва мақомоти дигар бо истинод ба муқаррароти дахлдори Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои худро ҳимоя кунанд. Мақомоти давлатӣ метавонанд ҳангоми ҳалли масъалаҳои баҳснок меъёрҳои Конститутсияро татбиқ кунанд.

Коршиносон Конститутсияро яке аз дастовардҳои асосии Қазоқистони мустақил меноманд ва мегӯянд, пояҳои дар ин санад гузошташуда ба ҳама меъёрҳо ва принсипҳои демократӣ мувофиқат мекунанд. Гуфта мешавад, Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар иродаи мардуми Қазоқистон ва хоҳиши онҳоро барои тавассути волоияти қонун таъсис додани кишвар инъикос мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, аз рӯйи модели фаронсавӣ қабул намудани Конститутсия барои рушди Қазоқистон самара дод ва тавонист, ки суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, ҳамоҳангии байни миллатҳо, озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ин кишвар таъмин намояд. Таъкид мешавад, ки Конститутсияи Қазоқистон комилан кафили устувории истиқлолияти кишвар мебошад. Қабули Қонуни асосӣ ба Қазоқистон имкон дод, ки худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад, кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ, қобилияти таъсир расонидан ба масъалаҳои минтақаӣ ва глобалиро пайдо кунад.

Аҳамияти таърихии Конститутсияи Қазоқистон, ҳамчун асоси пешрафти муттасили иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, аз ҷониби роҳбарони давлат ҳам борҳо таъкид шудааст. Президенти Қазоқистон К.Ж.Токаев дар як суханронияш гуфт:

“Конститутсияи Қазоқистон, ки таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ, ҳамчунин, анъанаҳои таърихӣ ва миллиро дар бар мегирад, ҳамчун асоси мустаҳками ваҳдати мардум ва Истиқлолияти давлати мо хизмат мекунад”.

Ташаббускори асосии қабули Конститутсияи соли 1995 президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Нзарбоев буд:

“Сарқонуни кишвар имкон дод, роҳи дуреро тай намоем, ки на танҳо бо дигаргуниҳои амиқи иқтисодӣ, балки пешрафтҳои сиёсӣ алоқаманданд. Инро қонунгузории нави миллии Қазоқистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳад. Маҳз бо кӯмаки он мо дар тӯли ин солҳо барои табдил додани Қазоқистон ба кишваре, ки дар он ниҳодҳои воқеии демократӣ фаъолият мекунанд ва дар он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафолат дода мешаванд, заминаи устувор фароҳам овардем”, — гуфта буд қаблан худи Назарбоев дар як ҳамоиши вобаста ба таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Қазоқистон.

Вай қабл аз он ки аз мақоми президенти Қазоқистон равад, дар як табрикоташ гуфт, “Қонуни асосии кишвар аз санҷиши вақт гузашт ва асос будани худро дар таъйини хати умумимиллии рушди таърихӣ нишон дод. Усули волоияти қонун, риояи бечуну чарои ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати иҷтимоӣ ва арзишҳои олии умумибашарие, ки Конститутсияи мо пешбинӣ мекунад, барои тамоми шаҳрвандон наздику фаҳмо аст”.

Конститутсияи Қазоқистонро дар Аврупо ба ҳайси яке аз намунаҳои беҳтарини Қонуни асосӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ эътироф кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, барои қабули Конститутсияи амалкунанда таҷрибаи бисёр кишварҳои хориҷӣ омӯхта шуд, принсипҳои ташаккули ҳуҷҷатҳо дар давлат ҳамчун асос гирифта шуданд, аз ҷумла, принсипи тақсимоти шохаҳои ҳокимият, принсипҳои демократӣ ва ҳокимияти халқ ва ғайра.