Дар Бишкек ҳатто дар сатҳи расмӣ ба тавофуқоти худ эҳтиром надоранд

Shared to Facebook

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ як бадгӯии сухангӯи ВКХ-и Қирғизистонро оид ба додани орден ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “ғайри қобили қабул ва мухолиф ба принсипҳои одоби дипломатӣ” унвон карда, таъкид намудааст, ки ин “нишони дағалона вайрон кардани созиши ҳосилшуда” байни ду кишвар мебошад. Бадгӯии орӣ аз одоби дипломатии ВКХ Қирғизистон дар ҳоле нашр шуд, ки ҷонибҳо барои роҳ надодан ба ҳамин гуна иғвогариҳо тавофуқ ҳосил карда буданд.

Тавре қаблан хабар додем, Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 4 октябр ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсияш дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Русия ва Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ бо Ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”, дараҷаи III сарфароз гардонид.

Ҳамин иқдоми Президенти Русия ба намояндаи ВКХ Қирғизистон — роҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии он кишвар Ч. Кустебаев нафорид ва бо шеваи номақбул ва бадбинона нисбат ба Президенти Тоҷикистон эътироз кард.

Ба ин навиштаи ӯ сухангӯи ВКХ Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ посухи дандоншикане дод ва гуфт, новобаста ба “имзои созишнома дар хусуси роҳ надодан ба суханҳои иғвоангез ва айбдоркунии якҷониба дар фазои иттилоотӣ, мансабдорони қирғиз ба ибрози суханҳои иғвоангези худ идома медиҳанд ва мехоҳанд бо ин роҳ хол ба даст оранд”.

Ҳамзамон сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон бо муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, зикр кардааст, ки пас аз таҷовузи мусаллаҳона бар хоки Тоҷикистон, ҳамчунин, бо мақсади пинҳон намудани амалҳои ҷиноятии хеш, мақомоти Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маъракаи васеъи иттилоотиро роҳандозӣ намуданд, ки то ҳол идома дорад:

“Таззод ин аст, ки мақомоти Қирғизистон бо муаррифии кишвари худ ба унвони “ҷазираи демократия” ва озодии баён дар Осиёи Марказӣ дастрасӣ ба хабарҳо ва манобеъи давлатии Тоҷикистонро маҳдуд кардааст”, — навишт Шоҳин Самадӣ.

Ҳамчунин, ӯ аз фишору таъқиби намояндагони ВАО-и Қирғизистон, ки мавқеи Тоҷикистонро воқеъбинона пӯшиш медоданд, нигаронӣ кард.

“Бар зидди ҳайати таҳририяи сомонаи мустақили интернетии “Kaktus.media” барои нашри “маълумоти нодуруст” дар бораи муноқиша дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аммо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз озодии баён ва расонаҳои хабарӣ дар Қирғизистон дифоъ накарданд”, — бо таассуф зикр намудааст ӯ.

Ёдрас мекунем, дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон дар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ минтақаҳои аҳолинишин, манзилҳои сокинони осоишта, мактабу масҷид тавассути тамоми намудҳои силоҳ ва техникаи вазнини низомӣ, аз ҷумла, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи “Байрақтар” мавриди гулулаборон қарор гирифта, дар натиҷа, бино ба иттилоъи расмӣ, 41 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, занҳои ҳомила, кӯдакону пиронсолон, духтурон, инчунин мусулмонҳои ботақво – ширкаткунандагони маросими ҷаноза кушта ва наздик ба 200 нафар захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон аз қабл барои ин ҳамла омода шуда ва неруҳои низомияшро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ оварда буд.

Дар идома, рӯзи 25 сентябр Тоҷикистон ва Қирғизистон санаде ба имзо расониданд, ки тибқи он ба ҳеч навъ низоъ дар марз роҳ дода намешавад:

“Ба мувофиқа расидем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ рух диҳад”, — изҳор дошт Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов. Ҳамон вақт як тавофуқ ва таъкиди ҷонибҳо ин буд, ки сиёсатмадорони алоҳида, намояндагони ВАО ва блогнависон дар истифодаи вожаву таъриф ва истилоҳот эҳтиёткор бошанд:

“Мо бояд дар истифодаи калимаҳо, таърифҳо ва истилоҳот хеле эҳтиёткор бошем. Суханони ман, пеш аз ҳама, ба ВАО, блогнависони инфиродӣ, сиёсатмадорони алоҳида дахл доранд. Ҳар як сухан метавонад ба кор зарар расонад”, — таъкид карда буд Ятимов.

Аммо пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбат ба Тоҷикистон идома медиҳанд. Ин бадгӯиҳои ҷониби қирғиз чандин маротиба боиси эътироз ва нигаронии Тоҷикистон шуд. Аммо аз ин дидгоҳ, ки ҳоло маҳз намояндаи расмии ВКХ Қирғизистон бо лаҳни нохушоянд ва ба таъбири Шоҳин Самадӣ, “мухолиф ба принсипҳои одоби дипломатӣ”, ҳатто аз тавҳину таҳқир рӯ нагардонидааст, ба он маъност, ки дар он кишвар на танҳо намояндагони ВАО, блогнависони инфиродӣ ва ё сиёсатмадорони алоҳида, балки дар сатҳи расмӣ ҳатто ба тавофуқоти худ эҳтиром надоранд ва ҳамин тавр, мавриди эътимод нестанд.