Иҷлосияи тақдирсоз

Shared to Facebook

Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Дар Хуҷанди бостонӣ вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI – ум барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кушишҳои зиёд намуданд. Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 30-солагии онро ботантана чун Иди умумимиллӣ таҷлил мекунад.

Ин иҷлосия, дар ҳақиқат, таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур — ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад. Пас аз баромади нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи минбаъдаи сулҳу дустӣ ва тараққиёти кишвар заминагузорӣ гардид. Сухани аввалинашон ин буд: “То як гуреза берун аз Ватан аст, ман хотирҷамъ намешавам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!” Нутқи ӯ асоси барномаи амали панҷ соли аввали фаъолияти тамоми ҳукумати ҷумҳурӣ гардид.

Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъоли муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.

Ҳадафи асосӣ аз ин иқдомот амалан таҳти як парчам ва рамзҳои давлати мустақил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани неруҳои гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд. Зеро дар он айём қисми зиёди одамоне, ки огоҳона ё ғайриогоҳона ба сиёсат гаравида буданд, пойбанди талошҳои афзалият додан ба манфиатҳои маҳдуди маҳаллӣ буданд. Дар чунин шароит қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи пешрафти кишвар ба сӯйи ҷомеае, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои тамоми мардум ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи муосир ва мутамаддин бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори Иҷлосия буд.

Воқеан ҳам Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти таърихӣ дошта, бобати ҳалли маҷмӯи проблемаҳои ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон, 1 изҳорот қабул намуд, ки аз як ҷиҳат, салоҳияту ваколати онро собит менамуданд, аз дигар тараф, он санадҳо барои солҳои минбаъдаи мардуми кишвари дорои собиқаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал ҳисоб меёфтанд.

Санади муҳими қабулгардида ин Қонун “Дар бораи гурезаҳо” буд, ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ сабт гардида, ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медод. Он бори дигар собит месохт, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Дар натиҷа дар давраи солҳои 1993-2000 ҳамагӣ ба ҷойҳои доимии зисти худ дар саросари мамлакат 950 599 нафар бозгардонида шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо аз кишварҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил – 201 601 нафар, Афғонистон–51 345 нафар, аз ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 697 653 нафар буданд.

Вазифаи муҳими дигар ин таъмини сулҳу субот, ризояти саросари ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ буд. Дар натиҷаи музокироти тӯлонии байни тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфт, муяссар шуд, ки дар 9 даври музокирот ва 6 мулоқоти сарон 40 санади барои миллат муҳим ба имзо расонида шавад, ки бузургтаринаш “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” буд.

Баргузории Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии кишвар ва қонуну қарорҳои қабулнамудаи он барои қабули Конститутсия заминаи воқеӣ гузошт. Маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI – ум халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо на дар шароити орому пешравӣ , балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба сари қудрат омада мисли дигар сарварони сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар мансабу вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ кор накарда буданд, зеро сиёсатмадори ҷавон буданд. Вале ба арсаи сиёсӣ бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд.

Президенти Русия Владимир Путин, вобаста ба сиёсати сулҳоварии Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамояд: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Тамоми кӯшишҳои ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст”. Албатта, фаъолияти муҳтарам Эмомали Раҳмон дар арсаи сиёсат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки воқеан ҳам шахсиятҳо барои пешрафту ҳифзи миллатҳо нақши бориз доранд.

Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад. Бо гузашти 30 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи мазкур ва арзёбии дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон ба вуқуъомада, метавон хулоса намуд, ки ин иҷлосия, дарвоқеъ барои миллати соҳибтамуддуни мо тақдирсоз буд.

 

Зулайхо Қодирова

ходими илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини

Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи

А.Баҳоваддиноваи АМИТ