Сарбаланде чун қуллаҳои Помир (Ба муносибати 80-солагии Алимамад Ниёзмамадов)

Shared to Facebook

Ёздаҳуми август зодрӯзи яке аз фарзандони фарзонаи миллат, собиқ муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сиёсатмадор, собиқ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов мебошад.

Алимамад Ниёзмамадов 11 августи соли 1943 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, дар хонаводаи деҳқони оддӣ, чашм ба рӯи олам кушодааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби № 3-и ба номи Кирови шаҳри Хоруғ гирифтааст. Соли 1964 то соли 1967 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ хидмати сарбозиро ба ҷо оварда, бо рутбаи афсарӣ ба Ватан баргаштааст.

Алимамад Ниёзмамадов фаъолияти меҳнатияшро соли 1955 оғоз намуд. Нахуст дар ноҳияи Шуғнон ба сифати колхозчии оддӣ ба кор машғул шуд.

Солҳои 1960 – 1964 дар Институти политехникии Тоҷикистон, дар риштаи муҳандиси барқ таҳсил намуда, соли 1964 аз ҳамин ҷо довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафт.

Аз соли 1972 то соли 1975 дар “Селхозтехника”-и вилояти Бадахшон ба сифати муҳандиси истифодаи техникаи муосир фаъолият намудааст.

Соли 1975 ӯро ба Шӯрои вазирони Тоҷикистон ба шӯъбаи хоҷагии қишлоқ ба кор даъват намуданд. То соли 1978 дар ин вазифа хидмат намуд.

Соли 1978 ӯро мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Шаҳритус таъин карданд. Вай дар ин вазифа маҳорати баланди касбӣ ва сатҳи олии масъулиятшиносӣ зоҳир намуд. Ҳамин буд, ки ӯро ба зудӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳамин ноҳия интихоб карданд.

Соли 1988 Алимамад Ниёзмамадов Котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Панҷ таъин шуд. Вай ба унвони кадри хеле болаёқату бомаҳорат ва дорои таҷрибаи ғании сиёсиву хоҷагидорӣ дар ҳамаи вазифаву мансабҳои дар ихтиёрдошта вазифаи бар ӯҳда доштаашро бо сари баланд ва дар сатҳи олӣ ба иҷро мерасонид.

Азбаски якчанд забонро хуб медонисту тавре мегӯянд, дар сиёсатмадорӣ ва дипломатия маҳорати модарзоди аҷиберо доро буд, дар ҳар вазифае, ки таъинаш карданд, муваффақ шуд.

Шояд асари ҳамин хислатҳои номбурда буданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мушкилтарин айёми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аниқтараш дар солҳои 1994 – 2006 роҳбарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳз ба ҳамин фарзанди арзандаи миллат бовар карда буданд. Ҷойи баҳс нест, ки маҳорати кадринтихобкуниву шахсиятшиносии Сарвари давлатро на танҳо ман, балки беҳтарин мутахассисону таҳлилгарони соҳаи марбута борҳо ситоиш намудаанд.

Ба ҳама маълум аст, ки дар он солҳои мудҳиши беназмиҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бисёр гурӯҳҳову афроде аз ҷараёнҳои мухталифи сиёсиву маданӣ маҳз дар ҳамин гӯшаи Ватан ҷамъ омада буданд. Бештари гурӯҳҳо мусаллаҳ ва контролнопазир буданд.

Аз сӯйи дигар, марзи ноором ва назораташ хеле мушкил бо Афғонистон, қочоқи силоҳу мухаддирот аз он сӯйи марз, даҳҳо ҳазор гурезагону муҳоҷирони иҷборӣ, камбуди ҷиддии хӯрокворӣ ва муборизаи ҳамон гуруҳҳо барои тақвияти нуфузи худ вазъро хеле ҷиддӣ намуда буданд. Бинобар ин, пешорӯи раиси тозатаъини вилоят на танҳо ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла, таъмини озуқаворӣ ва таъмини амният меистод, балки зарур буд, ба ҳар навъе, ки бошад, минтақа аз зери нуфузи гуруҳҳои мусаллаҳу ҷинояткор тоза карда мешуд, то минбаъд барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани вилоят шароит пайдо мегардид.

Дар чунин ҳолат, табиист, ки роҳбари ҳокимияти вилоят бояд чунон маҳорату таҷрибаи ғании сиёсиву дипломатияи мӯшикоферо бархурдор мебуд, ки ин ҳама қувваҳои гуногунтабиатро дар паҳлӯи якдигар ва бо оромиву таҳаммулпазирӣ нигаҳ дошта тавонад. Ҳамзамон, барои баргардонидани ҳазорҳо фирорӣ ва минбаъд бо шароити зист таъмин намудани онҳо, назорати марз, таъмини волоияти қонун ва даҳҳо мушкили дигар, ки гиребонгири вилоят буд, талош намояд.

Факти хеле муҳими он марҳилаи торихи давлатдории мо чунин аст, ки бо тадбири хеле оқилонаи Сарвари давлат, ҳамватанони исмоилимазҳаби мо дар торихи чандасраи мавҷудияти ин мазҳаб бори аввал бо пешвои мазҳабии худ — Ҳозиримом, Шокарим Оғохони IV дидорбинии муфассале доштанд. Бо вуҷуди дахолату муқобилиятҳои сиёсатмадорони зиёди давлатҳои муҳталифи ҷаҳони ислом, Пешвои миллат дар шаҳри Душанбеву Хоруғ ҷамоатхонаҳо ва марказҳои исмоилиро ифтитоҳ намуданд, то мардуми исмоилимазҳаби кишвари азизамон ба фарҳангу маърифати нобу воқеӣ аз тариқи сарчашмаи асосӣ дастрасии комил дошта бошанд.

Аз нигоҳи банда, бунёди эҳсосоти мавҷудаи меҳру муҳаббати ягонаву муштарак дар баробари ифтихороти милливу ватандӯстиву мазҳабӣ дар мафкураи ҳамватанони азизи мо, ки манофеи сиёсии давлатдориро дар мадди аввал мегузоранд ва ифтихороти милливу мазҳабиро дар меъёрҳои тавъаму баробар арзиш қоил мегарданд, аз як ҷониб, агар бо шарофати сиёсати солими дурнамои идеологии роҳбарияти ҳамин мазҳаб бошад, аз ҷониби дигар, ин дастовард, ба унвони самараи ширини муҳаббату садоқати ватанхоҳии Пешвои миллат ва, ҳамчунин, бар асари масъулиятписандии намояндагони расмии давлатии вақт, ба монанди раиси онвақтаи вилоят Алимамад Ниёзмамадов мебошад.

Дарвоқеъ, ҳамон тавре ки ҳолдонҳо мегӯянд, ин тадбири муҳим – сафари Шокарим Оғохони IV ба ВМКБ, ки рӯйдоди басо фараҳбахшу муҳим дар ҳаёти маънавии сокинони вилоят буд, боиси он гардид, ки вазъи ҷамъиятӣ-сиёсии вилоят нисбатан муътадил гардад.

Мегӯянд, то дарди дандонро таҷриба накунӣ, ба қадри дандонҳои солим нахоҳӣ расид. Воқеаҳои нохуши солҳои охир дар ҳудуди вилояти Бадахшон собит менамоянд, ки дар баъзе мавридҳо, шахсиятҳое, ки солҳо аз неъматҳои фаровони бунёди Оғохон ком ширин намуда буданд, натавонистанд эҳтироми намакдонро дар он сатҳе, ки солҳо тамоми мардуми вилояту ҷумҳурии азизамон ба ҷо меоварданду пос медоштанд, дар ҳамон сатҳи пазируфтаву мақбули халқу миллату давлат нигаҳ доранд ва ба амалҳои ношоиставу андешанадидае даст зада буданд. Шукри Худо, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо заҳматҳои хастагинописанди шабонарӯзии ҳазорҳо фарзандони шоистаи халқу ватан дар тамоми кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву оромӣ ва раванди созандагиву бунёдкориҳо пойдору устувор гардидааст.

Ростӣ, ман дар давоми фаъолияти касбиям боре ҳам ифтихори онро надоштам, ки бо Алимамад Ниёзмамадов аз наздик сӯҳтбат кунам, аммо дар муколамаҳои беҳисоб бо намояндагони сатҳу мартабаҳои мухталифи вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар мавриди ин шахсияти маъруф суханони зиёди арзишманд шунидаам.

Мегӯянд, Ниёзмамадов дар саросари кишвар дӯстони қадрдони зиёд дошт ва барои пешрафти корҳои рӯзмарраи вилоят аз имконоти дӯстони қадрдонаш, ки дар сатҳу мақомҳои мухталиф қарор доштанд, истифода мекард, ба мисли собиқ роҳбари ширкати “Нафтрасон” Амонулло Ҳукумов. Ҳамон тавре ки худи Алимамад Ниёзмамадов дар як суҳбаташ бо мо гуфта буд, “ӯ (Амонулло Ҳукумов) соли 1995, ки давраи хеле вазнин буд, аз ҳисоби маош ва хоҷагии деҳқонии худ ва аз ҳисоби даромадҳои ширкати “Нафтрасон” идораву муассисаҳои иҷтимоии ВМКБ-ро бо сӯзишворӣ таъмин мекард. Чандин бор буд, ки дар натиҷаи боду борону барфҳои зиёд, дар минтақаҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ тармаву ярчу сангрезиҳо ҷоддаро ба шиддат хароб мекарданду барои муддатҳо мебастанд. Барои бартараф намудани осори ин харобиҳои табиӣ камбуди маводи сӯхт барои роҳсозон мушкили доимӣ маҳсуб меёфт. Баробари занг задану аҳволпурсии маъмулӣ, Ҳукумов аз мушкилоти ҷойдошта воқиф гардида, фавран соляркаву анвои маводи сӯхт мефиристод, то роҳи аҳамияти стратегии умумиҷумҳуриявидошта барои муддати зиёд баста нагардад…”

Дӯстони қадрдони панҷиву шаҳритусии раис низ, бо шарофати қадршиносӣ аз хизматҳои ишон дар солҳои роҳбарӣ дар ин манотиқ, борҳо барои мардуми ранҷкашидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дасти кӯмак дароз намудаанд…

Алимамад Ниёзмамадов 12 сол роҳбарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ӯхда дошт. Ин масъулият ба ӯ дар ҳоле вогузор гардид, ки тавре зикр шуд, вилоят мушкилтарин давраро аз сар мегузаронид. Ҷойи баҳс нест, ки дар он солҳо собиқ раиси ВМКБ — Алимамад Ниёзмамадов аз ӯҳдаи ин рисолати муҳими сиёсӣ баромада тавонист. Албатта, ин бе дастгириҳои ҳукумати марказӣ имконпазир намебуд, зеро бо дарназардошти вазъи фавқуззикр Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард.

Ин марди накуноми кишвар, ки ҳоло давлати пирӣ меронад, имрӯз ҷашни ҳаштодсолагӣ дорад. Шодбош мегӯем!

Абдураззоқ Саид

рӯзноманигор