Ӯ КӮҲ БУД, КӮҲ МОНД

Shared to Facebook

Дар ҳошияи зиндагинома, фаъолият ва мероси фарзанди содиқи Ватан, Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ

Халқи тоҷик яке аз фарзандони ҷавон, аммо дар айни замон маъруф ва соҳибэҳтироми худро бо дуову сано ба хоби абад гусел кард.

Гӯё кӯҳе аз миён хест ва ҷойи онро андӯҳ гирифт.

Вале мардуми тоҷик, бахусус мардуми Бадахшон, андӯҳпараст нестанд, меҳрпарастанд. Дар кӯҳистон андӯҳ дер намепояд, аммо меҳру муҳаббат мемонад.

Умри инсон ҳар қадар ҳам дароз бошад, рӯзе ба поён мерасад, аммо некномӣ намиранда аст. Одамонро на мақом ҷовидон мекунад ва на мансаб. Он чӣ инсонро дар хотираҳо зинда нигоҳ медорад, рафтору кирдор, муҳаббат, хирад, ҷавонмардӣ ва номи неки ӯст.

Пас аз рафтани Алишер дар қалби ҳазорон нафар меҳре боқӣ монд, ки ӯ дар тӯли зиндагии кӯтоҳ, вале пурмазмуни худ бо рафтор, гуфтор ва муносибати инсониаш парварида буд.

Дар қалбу замири ӯ ҳамеша нақшаҳо, ниятҳо ва ормонҳои нек мавҷомавҷ буданд. Андешаи ободкорӣ ва созандагӣ ҳаргиз ба ӯ фурсати ором нишастан намедод. Ҳамеша дар такопӯ буд, ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳи беҳтару хушоянд барои хидмат ба мардум.

Ӯ шахси фавқулода пурэнержӣ буд. Барояш шабу рӯз маънои маъмулӣ надошт. Вақте сухан аз масъулият, хизмат ва ободии диёр мерафт, ӯ ҳеҷ гоҳе дар бораи хеш фикр намекард. Аз нахустин рӯзе, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ба ҳайси ходими давлатӣ ба Бадахшон- зодгоҳаш фиристода шуд, андешаи асосии ӯ танҳо як чиз буд: таъмини осоиштагӣ, ободии ин сарзамин ва беҳбудии зиндагии мардум.

Барои ӯ Бадахшон сарзамини нур буд, на сарзамини торикӣ, сарзамини имкониятҳо буд, на маҳдудиятҳо, ибтидои ваҳдат буд, на ҷудоиҳо. Ӯ Бадахшонро ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон медонист, на канорае аз он. Барои ӯ миллат арзиши хеле олӣ дошт ва ваҳдату осоиштагӣ неъмати бузург буд!

Ӯ то охирин рӯзи ҳаёташ ба савганди худ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сиёсати Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ монд.

Тақдир чунин ҳукм кард, ки роҳбарии Бадахшон дар яке аз мураккабтарин ва ҳассостарин давраҳои таърихи навини он насиби ӯ гардад. Бисёре аз масъалаҳо ва рӯйдодҳое, ки он солҳо ба вуқӯъ пайвастанд, решаҳои амиқ доштанд ва солҳои дароз пеш аз омадани ӯ шакл гирифта буданд.

Алишер ҷасурона роҳи зиндагии худро муайян сохт ва бо сари боло, синаи боз, бидуни дуилагӣ, тарс бо ин роҳ мерафт ва оҳиста — оҳиста аз тангноҳо убур карда ба паҳноиҳо мебаромад.

Ва он рӯз ҳам ӯ чун ҳамеша дар ҳамин роҳаш буд.

Шитоб дошт, дар ҳаракат буд. Шитоб дар дар роҳи ободии ватан, дар роҳи амалӣ кардани орзуҳои нек, дар роҳи бовариҳо ба фардо. Мехост ҳарчи зудтар ба манзил бирасад. Дар пеш рӯзҳои пурҳаяҷон қарор доштанд: ҷашни бузург, сохтмонҳои бузург, омодагиҳои бузург ба истиқболи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бадахшон.

Аммо дар фарҳанги кӯҳистон роҳ на ҳамеша танҳо роҳ аст, он сарнавишту қисмат ҳам аст.

Шояд барои ҳамин дар фарҳанги кӯҳистон аз ҳама дуои бузург “саломатии роҳ” аст.

Роҳҳои кӯҳистон пастиву баландиҳои бешумор доранд, пурпечутобанд, аз ағбаҳои баланд мегузаранд, баъзан “чун ашк сари мижагон қарор доранд”, гоҳе аз канори кандакҳои амиқ убур мекунанд, лаб-лаби дарёҳои хурушон дароз мекашанд. Шояд барои ҳамин бошад, ки мардуми кӯҳистон ҳангоми хайрухуш ба ҳам қабл аз ҳар гуна дуо кӯтоҳ “саломатии роҳ” мехоҳанд, ба ҳам “сафар ба хайр”, “сафари нек”, “сафари бехатар” мегуянд ва дуои беҳтаринашон “Ба саломат равию бозоӣ” ва “… ҳар қазову ҳар бало аз пеш ояд, рафъ кун, Парвардигор!” мебошад.

Зеро кӯҳистонӣ хуб медонад, ки сарнавиштро роҳ ҳамеша муайян мекунад, он метавонад ҳам дӯст бошад ва ҳам душман. Он метавонад туро ба орзуҳоят расонад ва ҳамчунин қодир аст туро аз онҳо ҷудо созад.

Аммо Алишери Мирзонабот аз он инсонҳое буд, ки зиндагиро фақат дар ҳаракат, дар тай кардани масир мефаҳмид. Барои ӯ имруз ва фардо маънои ҳадафи нав, нақшаи нав, ормони нав, тай кардани роҳи навро дошт.

Вай аз куҷо медонист, ки он рӯз роҳ ӯро ба коми Панҷ ҳаво хоҳад дод. Дарёи Панҷе, ки ӯ аз хурдсолӣ дар канори он ба воя расида, борҳо дар умқаш дастакҳо зада буд, уро аждаҳосон бо аъзои хонавода ва ёваронаш афъ хоҳад кашид…

Алишер дигар дар миёни мо нест.

Вале инсонҳое чун ӯ танҳо бо ҳузури ҷисмонӣ зиндагӣ намекунанд. Онҳо пас аз рафтан низ дар ёди мардум, дар зиндагияшон ва дар сарнавишти сарзамине, ки дӯст медоранд, зинда мемонанд.

Рӯҳи Ӯ, меҳри Ӯ, ёди Ӯ ҳамеша бо мост.

Дар хотири мардум Алишер Мирзонабот пеш аз ҳама ҳамчун ободкор ва фарзанди содиқи Ватан боқӣ хоҳад монд. Номи ӯ бо барқарории оромию субот, таҳкими қонуният, сохтмони роҳҳо, мактабу беморхонаҳо, ободии шаҳру деҳот ва рушди Бадахшон пайванд хоҳад монд. Дар замони фаъолияти деҳаҳои зиёде чароғон шуданд, роҳҳои зиёде боз гаштанд ва боғҳои бисёре бунёд гардиданд. Ӯ ба ҷавонон бовар дошт, варзишро дастгирӣ мекард, ба рушди сайёҳӣ ва иқтисод мусоидат менамуд ва дар рӯзҳои сахти офатҳои табиӣ ҳамеша дар канори мардум меистод. Муҳимтар аз ҳама, ӯ ба мардум эътимод мебахшид, ки Бадахшон сарзамини нур, сарзамини пур аз имконият ва дорои ояндаи обод аст.

Чунин инсонҳо набояд танҳо дар хотираҳо бимонанд.

Онҳо бояд барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун намунаи садоқат ба Ватан, покдилӣ, ҷавонмардӣ ва хизмати софдилона ба мардум бояд абадан боқӣ бимонанд.

Аз ин рӯ, ба хотири ҷовидона гардонидани номи неки Алишер Мирзонабот ва қадршиносии хизматҳои ӯ дар назди давлат, ба андешаи мо, амалӣ намудани иқдомҳои зерин бисёр муносиб ва шоиста мебуд:

1. Хизматҳои содиқона ва фаъолияти пурсамари давлатиаш пас аз вафот бо яке аз мукофотҳои олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шавад.

2. Яке аз қуллаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба номи Ӯ гузошта шавад.

3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии соҳаи синамо ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар бораи зиндагӣ, фаъолият ва хизматҳои давлатии ӯ филми мустанади пурмуҳтаво таҳия намоянд.

4. Китоби ёддоштҳо ва хотираҳои ҳамкорон, дӯстону наздикон ва ҳамватанон дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти Ӯ таҳия ва ба нашр расонида шавад.

5. Бо мақсади ҷовидона гардонидани номи ӯ ва қадршиносии саҳмаш дар рушди варзиш, ҳар сол мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол барои “Ҷоми Алишер Мирзонабот” баргузор карда шавад.

6. Боғи зебое, ки бо ташаббус ва таваҷҷуҳи шахсии Алишер Мирзонабот дар доманаи кӯҳҳои деҳаи Шидз, дар даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бунёд гардид, бо номи “Кӯҳбоғи Алишер” номгузорӣ шуда, барои нигоҳдорӣ ва рушди минбаъдаи он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Қурбон АЛАМШОЕВ

____