Шарифхон Сафарзода иҷрокунандаи раиси ВМКБ шудааст

Shared to Facebook

Муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Шарифхон Сафарзода муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ин вилоят таъин шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Сафарзода то замони таъин гардидани раиси нави вилоят ба ҳайси роҳбари муваққатии ВМКБ фаъолият хоҳад кард.

Номи ӯ ҳамчунин ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят дар қарори даъвати иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, ки 19 июн дар рӯзномаи “Бадахшон” нашр шудааст, зикр гардидааст.

Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 инҷониб вазифаи муовини якуми раиси ВМКБ-ро бар уҳда дорад. Пеш аз ин ӯ раиси ноҳияи Варзоб буд.

Дар ҳамин ҳол, ҷустуҷӯи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва чаҳор нафари дигаре, ки ҳамроҳи ӯ дар мошин қарор доштанд, идома дорад. Рӯзи 17 июн мошини онҳо дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, ки дар дохили мошин панҷ нафар қарор доштанд:

• Алишер Мирзонабот – раиси ВМКБ;

• Амина Амонуллоева, 46-сола – ҳамсари ӯ;

• Арифа Мирзонаботзода, 2-сола – духтари ӯ;

• Садоншо Ҷанобалишо (бар асоси баъзе маълумотҳо Ҷанобилшоев), 37-сола – ёвари раиси вилоят;

• Сино Муборакшоев, 42-сола – ронанда.

Бо вуҷуди он ки амалиёти ҷустуҷӯӣ беш аз як ҳафта боз идома дорад, то ҳол аз сарнавишти раиси ВМКБ ва ҳамроҳони ӯ маълумоти нав ба даст наомада ва ҷустуҷӯҳо натиҷа надодаанд.