Ташкили 71 парвози иловагӣ ва ҳушдори ВКХ

Shared to Facebook

Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон маълумотномаҳои қалбакиро ошкор кардаанд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки “бо мақсади овардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Русия тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии COVID-19” аз 16 то 30 сентябри соли ҷорӣ 71 парвози чартерии иловагӣ аз Русия ба Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Ҳамаи ин парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷом медиҳад.

Вазорат мегӯяд, парвозҳои чартерӣ пас аз дарёфти мувофиқаи мақомоти Русия сурат мегиранд.

Ба таъкиди ВКХ Тоҷикистон, ҳамватаноне, ки мехоҳанд ба Ватан бозгарданд, бояд маълумотнома дар бораи надоштани сирояти коронавирус (COVID-19) дошта бошанд, ки бо роҳи озмоиши тестӣ бо усули таомули занҷири полимеразӣ (ПТР) гирифта шуда ва на дертар аз 96 соат (4 рӯз) пеш аз расидан ба Тоҷикистон дода шуда бошад. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорат ҳушдор додааст, ки вақтҳои охир намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар Русия ҳолатҳои аз он кишвар бозгаштани ҳамватанонро бо маълумотномаҳои қалбакӣ дар бораи надоштани сирояти коронавирус ошкор ва пешгирӣ намудаанд.

“Дар робита ба ин, ба диққати шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки тибқи тағйироти охирин ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан паҳн намудани бемориҳои сироятӣ ҷазо пешбинӣ мешавад. Шахсоне, ки мавҷудияти чунин бемориҳоро пинҳон мекунанд ва ҳуҷҷатҳои тиббии қалбакиро оид ба набудани чунин бемориҳо пешниҳод мекунанд, тибқи тағйироти дар боло овардашуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд”, — огоҳ кардааст ВКХ Тоҷикистон.

Зикр мегардад, ки рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешавад. Ҳамзамон афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Русия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад.

Ҳамватанон метавонанд аризаҳояшонро барои бозгашт ба ватан дар шакли электронӣ ба charter-russia@mfa.tj барои баррасии минбаъда дар комиссияҳои номбурда фиристанд.

Ҳамин тариқ, дар давраи аз 16 то 30 сентябри соли 2020 парвозҳои зерини интиқолӣ ба нақша гирифта шудаанд:

— 16 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;

— 16 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 16 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 16 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 17 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;

— 17 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 17 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 17 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 17 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;

— 18 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 18 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 18 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 18 сентябри 2020 с., Уфа-Душанбе;

— 19 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 19 сентябри 2020 г., Москва-Душанбе;

— 19 сентябри 2020 сс., Москва-Душанбе;

— 19 сентябри 2020 с., Краснодар-Душанбе;

— 20 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 20 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 20 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 20 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;

— 20 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;

— 21 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 21 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 21 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 21 сентябри 2020 с., Иркутск-Душанбе;

— 22 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 22 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 22 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 22 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;

— 22 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;

— 23 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 23 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 23 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 23 сентябри 2020 с., Красноярск-Душанбе;

— 23 сентября 2020 с., Сургут-Душанбе;

— 24 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 24 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 24 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 24 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;

— 24 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;

— 25 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 25 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 25 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 25 сентябри 2020 с., Уфа-Душанбе;

— 25 сентябри 2020 с., Краснодар-Душанбе;

— 25 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;

— 26 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 26 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 26 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 26 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;

— 27 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 27 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 27 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 27 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;

— 27 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;

— 28 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 28 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 28 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 28 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;

— 29 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 29 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 29 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 29 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;

— 29 сентябри 2020 с., Сургут-Душанбе;

— 30 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 30 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 30 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;

— 30 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;

— 30 сентябри 2020 с., Уфа-Душанбе;

— 30 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;