РӮЙДОДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ — Тоҷикистону Чин 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатиро ҳамин тавр номиданд

Shared to Facebook

Имрӯз, 3 январ, дар остонаи 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин, ки як рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ мешавад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Шӯрои давлатии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфтааст.

Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки 4 январи 1992 истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард:

“Ин имкон дод, то дар муддати кӯтоҳтарин муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор карда шаванд”, — гуфта шудааст дар ин мулоқот.

Мусоҳибон гуфтанд, “дар давоми се даҳсола муносибатҳои ду кишвари дӯст роҳи тӯлониро тай намуда, пур аз рӯйдодҳои муҳим буданд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расиданд”, — хабар дод Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф таъкид намудаанд:

“Ба тавсеа ва таҳкими баъдии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Инчунин дар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа табодули афкор сурат гирифт”, — омадааст дар иттилоия.

Сафари Намояндаи махсуси Шӯрои давлатии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэй ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои Чин бо кишварҳои минтақа сурат гирифтааст.