Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 сентябр, зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти 7 ошёна бо масоҳати умумии 3204 метри мураббаъ барои қабул ва табобати 120 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳимми илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он утоқҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудааст.
Президент зимни шиносоӣ бо шароити бинои нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Ба гуфтаи масъулин, бинои нав бо дар назар гирифтани талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, барои қабули беморон, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад.





