Ифтитоҳи корхонаҳои нав ва иншооти иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен

Shared to Facebook

Имрӯз, 20 сентябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба фаъолияти якчанд иншооти нав ҳусни оғоз бахшиданд.

Нахуст коргоҳи равғани ҶДММ “Анқо Инвест”, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати “Фаровон” бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд шудааст. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз то 200 тонна ашёи хом коркард ва дар як сол то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандор истеҳсол карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият дошта, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва банду басти маҳсулоти тайёр дар як маҷмӯи истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар маҷмӯъ, коргоҳи истеҳсолии ҶДММ “Анқо Инвест” дорои панҷ хатти истеҳсолӣ мебошад.

Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ анҷом ёфта, риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои сифатӣ таъмин карда мешавад.

Дар коргоҳ асосан равғани офтобпараст, пахта ва омехта истеҳсол гардида, маҳсулот таҳти номи “Равғани Анқо Инвест” ба бозори ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад. Вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон маҳсулот дар зарфҳои ҳаҷмашон як, ду, се ва панҷлитрӣ банду баст карда мешавад.

Бунёди коргоҳи нав дар баробари рушди истеҳсолот барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ замина фароҳам овардааст. Дар давраи сохтмони иншоот 50 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида, ҳоло беш аз 20 нафар дар коргоҳ ба фаъолияти доимӣ ҷалб шудаанд.

Тибқи имконоти истеҳсолии корхона, дар сурати истифодаи пурраи иқтидорҳо он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд.

Ашёи хоми коргоҳ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамин тариқ, дар ин корхона занҷираи истеҳсолӣ аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва банду басти маҳсулоти тайёр дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ Анқо-инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20.09.2026

Дар идомаи боздид Президент дар ҶДММ “Анқо Инвест” ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии ҶДММ “Зартахта” бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Дурахши Истиқлол” барои 240 кӯдак, толори варзишии “Ҳафткалон” бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи “Марҳабо” бо 30 кат ба истифода дода шуданд.

Иншооти мазкур дар шаҳраки Ғафуров ва деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардида, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо мусоидат менамоянд.

Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмӯъ 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз иҷро шудааст.

Дар шаҳраки Навкат ва деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ боз ҳафт иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Дар байни онҳо муассисаи таҳсилоти томактабии №6 барои фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии “Шараёни Варид” бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ ва коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии “Муҳайё” ҳастанд.

Коргоҳи “Муҳайё” бо таъсиси 40 ҷойи корӣ фаъолият намуда, иқтидори истеҳсоли моҳонаи он 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либосро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти масъулин, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёд ва навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Айни замон корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия идома дошта, барои фароҳам овардани шароити созгори кору зиндагии сокинон тадбирҳои нав амалӣ мешаванд.

Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, дар маҷмӯъ, беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Президент масъулинро вазифадор намуданд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар маҳалҳо боз ҳам тақвият дода шуда, дар ин замина васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф ва такмили инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли обу корез, барқ ва гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир ба роҳ монда шавад.

Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20.09.2026

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ “Ирода Инвест” низ расман оғоз бахшиданд.

Ба гуфтаи масъулин, коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28 ҳазор тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона асосан аз навъҳои гандуми “Хайпро” ва “Дурум” орд истеҳсол мешавад. Маҳсулоти мазкур барои омода намудани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мегардад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд.

Ба истифода додани чунин коргоҳ имкон фароҳам меорад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин карда шавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Ҳамзамон, дар корхона коргоҳи нави механикӣ бунёд шудааст, ки ба гуфтаи масъулин, барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худи корхона пешбинӣ гардида, дар он таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ, омода намудани қисмҳои эҳтиётӣ, корҳои кафшергарӣ, васлкунӣ ва дигар корҳои техникию истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд.

Ба истифода додани коргоҳи механикӣ ба беҳтар шудани сифати хизматрасонии техникӣ, кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиш ёфтани хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд шудани самаранокии фаъолияти корхона мусоидат мекунад.

Технологияҳои муосири дар корхона насбшуда аз Швейтсария ворид гардида, нисбат ба дастгоҳҳои қаблӣ 20 фоиз камтар неруи барқ сарф менамоянд.

Зимни идомаи боздид Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҶДММ “Ирода Инвест” боздид намуданд. Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва дигар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуда буданд.

Сарвари давлат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд додаанд.

Таъкид гардидааст, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳо дода шудааст.

Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 20.09.2026

Дар идомаи сафари кории Президент ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии “Ҳаёт” низ мавриди истифода қарор гирифт.

Муассисаи нави таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдухалил Розиқов, Ҷӯрабой Азимов, Муродҷон Ҷӯраев ва Нозим Ибрагимов бунёд шудааст.

Бинои гимназия аз чор ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Муассисаи таълимӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он барои таълиму тарбия шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Дар гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил шудаанд. Таҷҳизонидани синфхонаҳои фаннӣ бо таҷҳизоти зарурӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, ошхона бо 200 ҷой ва китобхонаи муосир низ бунёд шудааст. Иншооти ёрирасон барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимию бадеӣ шароити муносиб фароҳам меоранд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии “Ҳаёт” 70 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20.09.2026

Ифтитоҳи гимназияи хусусии “Ҳаёт”, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таҳкими заминаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.