Сафари кории Президент ба вилояти Суғд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 сентябр, бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи Хуҷанд Президентро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, масъулон ва сокинони вилоят истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар доираи ин боздид Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншоотҳои нави ҷашниро ба истифода супорида, дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок намоянд.

Ҳамчунин, мулоқоти Президент бо сокинону фаъолони вилоят дар назар аст.