Дар амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев беш аз 100 нафар наҷотдиҳандагон иштирок доранд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод.
Полковник Ориф Нозимиён, роҳбари шуъбаи кор бо ҷомеаи КҲФ бо нашри як навори видеоӣ гуфт, Кумита бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯи обӣ ва зери обӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.___
Корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо ҷараён дорад._____
____











