Кайҳони “нилгун”-и Ҳиндустон ҷаҳонро меомӯзонад

Shared to Facebook

Тавре ҳамагон огоҳем, 27 январи соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалин Нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”, ки дар шакли маҷози баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Иштирокдорони нишасти мазкур дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи он дар доираи нишасти “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” табодули афкор намуда буданд.

Президенти Тоҷикистон сатҳи кунунии муносибатҳои дустӣ ва эътимоди байниҳамдигарии сиёсӣ, раванди рушди рӯзафзуни ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,фарҳангу амниятро миёни ду кишвар маҳсули ин давра номиданд. Сарвари давлат дар баробари ин таъкид намуданд, ки Ҳиндустон акнун ба шарики муҳими минтақа мубаддал гардидааст ва Тоҷикистон ба ояндаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвар назари нек дорад.

Таври маълум, дар байни робитаҳои фарҳангӣ соҳаи хеле муҳими воситаҳои ахбори омма телевизион нақши асосӣ мебозад. Дар замони муосир техника ва технологияи телевизионӣ дар ҷаҳон хеле пеш рафтааст. Аз назари таҳлилгарон, имрӯз дар Ҳиндустон индустрияи кино ва телевизион ба як саноати пуршукуҳи тараққикардаи таблиғотӣ табдил ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар Ҳиндустон зиёда аз 1500 шабакаи телевизионӣ фаъолият доранд, ки бештари он аз ҳаёти иҷтимоии мардум барномаҳо таҳия мекунанд. Барои тайёр намудани мутахассисони воқеъан ҳирфаӣ дар ин кишвар марказҳои миллии омӯзиши касбҳои гуногун, аз қабили намоишноманавис (сенариянавис), продюссер, коргардон, наворбардор, коргардони овоз, танзимгарону дизайнерон мавҷуд аст. Дар он беҳтарин устодони кино ва телевизиони кишвар дарс мегӯянд. Равиши қабул ба ин марказҳо тариқи озмун сурат мегирад.

Бо ташаккули раванди ҳамгироии пахши рақамӣ ва ҷаҳонишавии иттилоот шабакаҳои телевизионӣ ба дуртарин минтақаҳои олам мавҷ фиристонда, сокинони оламро аз рӯйдодҳои сиёсию фарҳангӣ бохабар месозанд. Агар ба таърихи телевизиони Ҳиндустон ва Тоҷикистон назар андозем, ташкили телевизион дар ҳар ду кишвар дар як сол сурат гирифтааст. Дар Тоҷикистон соли 1956 сохтмони бинои “Телевизиони Тоҷикистон” ва маркази техникӣ оғоз ёфта, соли 1959 корҳои сохтмонӣ бо васли таҷҳизоти техникӣ анҷом ва ба истифода дода шуд ва барномаи аввалинро 3 октябри соли 1959 пахш намуд. Дар Ҳиндустон бошад, аввалин маротиба 15 сентябри соли 1959 телевизион ба кори худ сар кард. Шабакаи телевизиони Ҳиндустон дар шаҳри Деҳлӣ кушода шуд.

Таърихи минбаъдаи рушди телевизион дар Ҳиндустон бисёр аҷиб аст. Кушода шудани телевизион маънои онро надошт, ки дар сар то сари кишвар пахш мешавад. Дар аввал гузоришҳои кутоҳ таҳия мекард, имконияти фарогирӣ хело маҳдуд буд. Пахши барномаҳо ба таври доимӣ баъди шаш сол, яъне 15 августи соли 1965 дар рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон сурат гирифт, вале ин ҳам маънои онро надошт, ки телевизион 24 соат барнома пахш мекунад: ҳамагӣ 2-3 соат барнома дар як рӯз пахш менамуд.

Дар давоми 17 соли баъдӣ телевизиони Ҳиндустон қариб, ки аз ҷояш наҷунбид. Дар ҳоле ки дар дигар кишварҳо телевизиони ранга тантана дошт, вале дар Ҳиндустон ҳамоно телевизорҳои сиёҳу сафед буд. Ин аз он сабаб буд, ки сиёсатмадорони давр телевизионро ҳамчун дороӣ медонистанд ва ақида доштанд, ки мардуми Ҳиндустон метавонанд бе ин ҳам зиндагӣ кунанд. Фарқаш чӣ ки телевизион ранга аст ё сиёҳу сафед, мардуми мо бояд пулро аввал барои рӯзгузаронӣ сарф кунад, на барои чунин ашёи на он қадар муҳим, ақида доштанд одамон. Тирамоҳи соли 1972 дар шаҳри Мумбай (Бомбей) шабакаи дувуми телевизион ба кор шуруъ намуд. Соли 1973 бошад, якбора се шабакаи дигар дар шаҳрҳои Шринагар, Амритсар ва Пуна пайдо шуд. Дар соли 1975 дар Калкутта, Мадрас ва Лакнау антенаманораҳои телевизионӣ пайдо шуданд, вале онҳо эфир надоштанд.

Соли 1980 дар Ҳиндустон фақат як шабакаи телевизиони миллӣ бо номи “Doordarshan” вуҷуд дошт, ки он дар ихтиёри давлат буд. Вале охири соли 1980 мардум харидории телевизорро хеле зиёд намуд. Душвор буд, вале мардум дороии худро ҷамъ намуда, телевизор мехариданд. Завқи мардум ба тамошо кардани барномаҳои телевизионӣ чунон зиёд шуда буд, ки давлат боз як шабакаи дигарро таъсис дод. Дар ҳоли ҳозир дар дохили шабакаи “Doordarshan” 21 канали телевизионӣ мавҷуд аст, ки аудиторияи фақат канали “DD-1” 400 миллион тамошобинро дар бар мегирад. Пешравӣ ва маҳбубияти ҳамаҷонибаи телевизион миёни мардум аз соли 1992-юм сар шуд. Ва худи ҳамин сол монополияи давлат болои телевизион ба охир расид. Дар баробари он шабакаҳои тиҷорӣ, операторони кабелӣ ва телевизионҳои параболӣ пайдо шудан гирифтанд. Телевизионҳо пулакӣ намоишҳои ҷолибро чунон бисёр намуданд, ки сафи бинандагон якбора боло рафт, аз ҳама бисёртар шабакаҳои ғайриҳукуматӣ, ба мисли “Star Plus”, ки ба тоҷир Руперту Мердоку таалуқ дошт.

Асри 21 асри рушди бемайлони телевизион дар Ҳиндустон шуд. Яке аз масъалаҳое, ки зиёд шудани тамошобинони телевизионро талаб мекард, ин ҷалби мардуми деҳот ба он буд. Чунки дар деҳот 70 фоизи аҳолии Ҳиндустон зиндагӣ дошт ва фарогирии ин қадар аҳолӣ худ аллакай пешравии амиқ мебошад. Бинобар ин, роҳи асосӣ дар сар додани спутники хусусӣ барои танзими шабакаҳои телевизион буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки то ин вақт Ҳиндустон спутникҳоро барои танзими телевизион фиристода буд. Ҳанӯз соли 1965 бо ин мақсад спутники таҷрибавии алоқа, баъдтар солҳои 1975-1981 Иттиҳоди Шӯравӣ се спутники Ҳиндустонро ба мадор баровард. Соли 1981 бошад, олимони Ҳинд ракетаи борбар сохтанд ва тавассути он боз як спутники дигар сар доданд.

Ҳамин тавр, ҳар сол рушди телевизионро мушоҳида кардан мумкин буд.

Охирин спутники насли аввал Insat-1D, ҳамчунин Insat-1B 12 июни соли 1990 фиристонида шуд. Имрӯз INSAT калонтарин спутники алоқаи мадорӣ мебошад, ки садҳо каналҳои телевизиониро дар бар мегирад.

Имрӯз дар Ҳиндустон антенаҳои моҳворавиро зиёд мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳатто дар боми хонаҳои камбизоаттарин нафар мавҷуданд.

Ҳоло ВАО-и Ҳиндустон дар ҷаҳон аз ҷиҳати фарогирии бозор ҷойи 5-умро ишғол мекунад.

Дар назар аст, ки бахши медиа-индустрияи Ҳинд ҳар сол ба 13,7 фоиз афзоиш ёфта, то соли 2023 ба 30,6 мрлд доллар расад. Ба ҳисоби коршиносон, то соли 2030 то ба 70 миллиард доллар мерасад. Рушди соҳа бештар аз ҳисоби бозиҳои электронӣ, ҷалби саҳнаҳои ҷолиб пешбинӣ шудааст.

· Телевизионҳои хонаводагии Ҳиндустон ҳар сол ба миқдори 5 фоиз боло меравад.

· Соли 2020 истифодабарии барномаҳои мустақим ба ҳисоби миёна 10 соату 54 дақиқа буд, ки ин ба 30 фоиз нисбат ба соли 1919 зиёд аст.

· Дар назар аст, ки даромади телевизион то соли 2030 ба ҳисоби миёна ба 13-15 миллиард доллар мерасад.

· Дар соли 2020 ҳиндуҳо ба миқдори 9,2 миллиард бозиҳои видеоӣ гузоштаанд. Бозиҳои мустақиман бошад, то 27 фоиз расида, беш аз 155 миллиард рупияро ташкил медиҳад.

Дигар он ки дар Ҳиндустон ҳанӯз аз соли 2012 бо мақсади гузаштан ба пахши рақамӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд. Ҳоло Ҳиндустон аз ҷиҳати пахши рақамӣ дар ҷаҳон ҷойи дувумро ишғол мекунад.

Агар робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар соҳаи кино ва телевизион бо Ҳиндустон хубтар ба роҳ монда шавад, имконияти хубе барои такмили ихтисоси кормандони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон фароҳам хоҳад гардид.

 

Мирзо Тоҳиров

Наҷмиддин Шоҳинбодов

Сурат: журналистони радио ва ТВ Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода, Суҳроб Рауф, Мирзо Тоҳиров, Котиби ИЖТ Наҷмиддин Шоҳинбодов дар Академияи телевизони Ҳиндустон, ш. Деҳлӣ