Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон бо 92 кг мухаддирот дар марзи Тоҷикистон

Shared to Facebook

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд аз мусоидат карданаш дар кашфи як шабакаи фаромиллии нашъаҷалобон дар вилояти Хатлон ва мусодираи беш аз 92 кг маводи мухаддир хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, дар пайванд ба ин ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт шудаанд, ки бо роҳҳои махфӣ ин миқдор мухаддиротро ба ҳудуди Тоҷикистон ворид кардаанд.

Аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, тибқи маълумоти оперативии ШВКД Хуҷанд ин ду шаҳрвандаи Афғонистон боздошт шудаанд.

“Ин ниҳод аз ин ду узви боздоштшудаи шабакаи фаромилии нашъаҷалобон Ислом валади Ҷӯраболтаи 48-сола ва Муроди Ҳабибраҳмон валади Муҳаммадалии 29-сола ном мебарад. Онҳо сокинони вилояти Тахор, шаҳри Янгиқалъаи  Афғонистон буда, ҳангоми интиқоли 79 килою 15 грамм воситаи нашъадори навъи афюн ва 13 килою 70 грамм ҳашиш аз Афғонистон дар марзи Тоҷикистон боздошт шудаанд”, — хабар медиҳад манбаъ.

“Ин ду гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуданд, ки аз онҳо дар умум 92 килою 85 грамм маводи нашъаовари навъи афюн ва ҳашиш ҳамчун далели шайъи мусодира шуд. Ба фарзияи оперативӣ, гумонбарони ҷинояти қочоқи маводи мухаддир аз интиқолдиҳандагон воситаи нашъадорро бо роҳҳои махфӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид кардаанд, ки тавассути ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон анҷом медоданд”, — гуфтаанд дар ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба далели ошкоргардида нисбат ба ду шаҳрванди Афғонистон бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ин банди қоқнун аз 12 то 20 сол маҳруми аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфтаанд, барои муайян ва боздошти шарикони ин ду шабакаи трансмиллии нашъаҷалоб, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти пинҳонӣ мебаранд тадбирҳои иловагии оперативӣ дар мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.