Корманди шабакаҳои барқ 20 ҳазор доллар талаб кард

Shared to Facebook

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба як масъули шабакаҳои барқи ноҳияи Шоҳмансурро барои баррасӣ ба суд фиристодааст. Номбурда барои қатъи парванда нисбат ба як шаҳрванд, ки дар Агентӣ қарор дошт, аз ӯ 20 ҳазор доллар талаб карда, аз ин ҳудуди 12 ҳазор долларро гирифтааст:

“Раҷабов Алиакбар Ҳукматуллоевич дар вазифаи сарнозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбати охирин дар Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, маблағи 20000 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш 10500 доллари ИМА ва 2700 сомониро гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалӣ муайянро иҷро накардааст”, — хабар дод Маркази матбуоти Агентӣ.

Зикр мегардад, ки дар натиҷа номбурда бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба шаҳрванд “А” зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонид.

Мақомот гуфтанд, оид ба ин ҳолат нисбат ба Раҷабов А.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.