Гуштингирони тоҷик бе роҳхати олимпӣ монданд

Shared to Facebook

Варзишгарони Тоҷикистон дар намуди гуштингирӣ натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд.

Ба иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гуштин барои Бозиҳои олимпии Токио дар Софияи Булғористон анҷом ёфта, ягон варзишгари тоҷик дар ин навъи варзиш ба дарёфти роҳхат муваффақ нашуданд.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок кардаанд.

Дар феҳрасти иштирокдорон, ки натавонистаанд, комёб гарданд, аз рӯи намуди гуштини тарзи озод дар вазни 57 кг – Муҳаммад Икромов, 86 кг – Баҳодур Қодиров, 125 кг – Искандари Рустам ва дар риштаи гуштини юнонӣ-румӣ 60 кг – Фирӯз Мирзораҷабов, 77 кг – Далер Ризозода ном бурда шудаанд.

Муҳаммад Икромов — ҷойи панҷум, Искандари Рустам — ҷойи ҳафтум ва Фирӯз Мирзораҷабов ҷойи нуҳумро ба даст овардаанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин, дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ дар София 474 варзишгар аз 84 давлати дунё ширкат доштанд.

Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гуштин 288 варзишгар, аз ҷумла 192 мард ва 96 зан дар 18 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳои олимпӣ зӯрозмоӣ мекунанд.

Ба иттилоъи Кумитаи олимпии Тоҷикистон, намояндагони 60 давлат имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо намудаанд, ки аз ҳама бештар аз Русия – 17 нафар мебошанд. Ҳамчунин, аз ИМА — 15 нафар, Ҷопон – 12 нафар, Эрон, Чин ва Қазоқистон – 11 нафарӣ роҳхатҳои олимпиро соҳиб шудаанд.