Боздиди Президент аз НБО “Роғун”

Shared to Facebook

14 октябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ба НБО “Роғун” рафтанд.

Нахуст Сарвари давлат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ, ки яке аз иншооти муҳим ва асосии сохтмон ба ҳисоб меравад, шинос шуданд. Гуфта шуд, барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд беш аз 100 адад техника, аз қабили мошинҳои гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ сафарбар карда шудааст. Кор дар сарбанд дар ду баст шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, то 35 ҳазор метри мукааб мавод хобонида мешавад:

“Сифати корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ пурра таҳти назорати ҷиддии мутахассисон қарор дорад. Баъди хобонидани ҳар қабат коргарони озмоишгоҳ намуна гирифта, таркиби донабандии сарбандро аз ташхис мегузаронанд ва дар сурати ба даст омадани натиҷаи мусбӣ ба хобонидани қабати навбатӣ иҷозат медиҳанд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Бино ба ин гузориш, дар қисми пеши сарбанд ба хотири нагузаштани об то сатҳи 1080 метр зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ маводи зиддиполоишии геомембрана, ки асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол мегардад, насб шудааст. Тибқи маълумот, чунин мавод дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар ягон кишвар истифода нагардидааст.

Зимни шиносоӣ бо корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ Сарвари давлат ба роҳбарияти Ширкати “Вибилд” дастур додаанд, ки бунёди сарбанд дар муҳлат ва бо сифат, ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ ба анҷом расонида шаванд.

Дар идома боздид аз мавзеи бунёди НБО-и “Роғун” Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шудаанд, ки сохтмони он соли 2018 оғоз гардид. Дарозии иншоот 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои лоиҳакашии иншоотро ширкати “Гидропроект”-и Москва, “Эфрӣ”-и Швейтсария, ҶСП “Тоҷик Кон” ва лоиҳакашии корҳои васлу насби оҳану фулузотро ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” анҷом дода, корҳои сохтмону васлгариро ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома медиҳад.

Аснои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст ва бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” низ аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад. Сохтмон ва ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки иншооти стратегӣ ба ҳисоб меравад, дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ расонида, пешрафти иқтисоди миллиро дар мамлакат пурра таъмин сохта, барои ҳар шаҳрванд зиндагии шоистаро фароҳам меорад, гуфта шудааст дар суҳбат.

Дар идома Президент бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО “Роғун” шинос шудаанд, ки корҳои сохтмонию васлгарӣ дар ин ҷо аз ҷониби ҶСП “Ориёно” идома дорад. Сарвари давлат ба коргарону мутахассисон дастур додаанд, ки қабл аз ҳама, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Бино ба гузориши масъулин, дар обқабулкунакҳои асосӣ бо назардошти роҳҳои дастрасӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то имрӯз 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 4,1 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва 134,4 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ ба анҷом расидааст.

Президент ба рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти мазкур баҳои баланд додаанд.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта Сарвари давлат бо ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии Т-18, нақбҳои обрасони агрегатҳо ва шахтаҳои турбинаҳои НБО “Роғун” шинос шудаанд.

Гуфта шуд, дар иншооти мазкур то имрӯз 67 ҳазору 877 метри мукааб корҳои нақбканӣ анҷом дода шуда, корҳои бетонхобонӣ ба 22 ҳазору 843 метри мукааб расидааст. Дар шахтаҳои амудӣ нақбкании фурнелҳо то сатҳи лозима анҷом дода шудааст.

Ишооти шахтаи ҳаводиҳанда аз тарафи институти “Гидропроект” лоиҳакашӣ шуда, барои иншооти мазкурро дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додан, ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо техникаву механизмҳои пуриқтидор ва замонавӣ ҷалб гардидаанд. Масъулин гуфтаанд, айни замон иншооти шахтаи ҳаводиҳии толори мошинҳо ва трансфарматорҳо ба кор омода мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаву бунёдкоронаи коргарону мутахассисон дар маҳалли сохтмони шахтаҳои турбинаҳо, нақбҳои обрасони агрегатҳо ва шахтаи ҳаводиҳӣ баҳои сазовор додаанд.

Дар идома Президент дар НБО “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 боздид кардаанд. Ин нақбҳо дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шуда, тарҳи он аз тарафи институтҳои лоиҳакашии “Гидропроэкт”, “Эфрӣ” (AFRY) Поири Швейтсария ва Ширкати лоиҳакашии “Тоно энержи байналмилал” мураттаб гаштааст.

Гуфта шуд, дар бунёди баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 чор ширкати ватанӣ — ҶДММ “Вахш Сохтмон”, ҶСК “Тоҷикгидромантаж”, ҶСП “ЗТМ” ва ҶДММ “Гушикай ЛТД” ҷалб гардидаанд. Айни замон корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳо ҷараён дошта, дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣ ва мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ идома дорад.

То ин давра зиёда аз 4,3 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 233 ҳазор метри мураббаъ корҳои бетонхобонӣ, 99,8 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва дар масоҳати 168 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.

Зимни муаррифии баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-4 иттилоъ дода шудааст, ки тарҳи он аз тарафи Ширкати лоиҳакашии “AFRY” (Поири)-и Швейтсария омода гардидааст. Тибқи лоиҳа ҳаҷми корҳои хокбардорӣ ба 581,2 ҳазор метри мукааб, бетонхобонӣ 33, 3 ҳазор метри мукааб, гузоштани анкерҳои оҳану бетонӣ ба 114,8 ҳазор метр баробар гардида, дар масоҳати 97, 8 ҳазор метри мукааб маҳлулҳои бетонӣ пошида шудааст.

Президент ба кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” дастур додаанд, ки минбаъд низ ба иҷрои сифатноки корҳои сохтмонӣ диққати махсус равона созанд.

Дар доираи ин сафари корӣ ба НБО “Роғун” Сарвари давлат ҳамчунин ба Толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шудаанд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар Толори мошинҳо аз соли 2008 оғоз ёфта, он дар асоси лоиҳаи Институти лоиҳакашии “Гидропроект” сохта мешавад. Дарозии толор 219,7 метр ва паҳноии он 21 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз сатҳи поёнӣ то сақф 70 метр, аз сатҳи болои фарш 20 метр мебошад.

Ба маълумоти масъулин, дар мавзеи агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расида, ду агрегат дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар мавзеи агрегати рақами 4 бошад, корҳои оҳану бетонӣ дар атрофи камераи спиралӣ то сатҳи 964,1 метр ба анҷом расонида шудааст. Маҷмуан, дар ин иншоот корҳои нақбканӣ 214 ҳазор метри мукааб, бетони пуркунанда 2278 метри мукааб, бетони конструктивӣ 35 ҳазор метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунанда 34, 4 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро гардида, анкерҳои АЖГ 3212 адад ва 891 анкери ПНА насб карда шудааст.

Зимни боздид маълум гардидааст, ки ҳаҷми асосии корҳои сохтмонию васлгарӣ дар мавзеъи агрегати рақами 4 дар асоси нақшаи муайянгардида, аз рӯи нишондодҳои техникӣ ва бо риояи меъёрҳои пазируфтаи сохтмони нерӯгоҳ ба анҷом расонида шудаанд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ин агрегат низ ба истифода дода хоҳад шуд.

Кор дар агрегати 3-юми иншоот низ бо суръату сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Тибқи лоиҳаи муҳандисӣ, 80 дарсади иншооти НБО “Роғун” зеризаминӣ буда, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои рақами 1, рақами 2 ва рақами 3 оғоз гардидаанд. Дарозии ин нақбҳо ҳар кадом 76,7 метри тӯлонӣ буда, масоҳати миёнаи буриши кундалангии онҳо 134 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин қитъаи сохтмон дар иншооти азими аср-НБО “Роғун” маълум гардидааст, ки ҳаҷми иҷрогардидаи корҳои нақбканӣ дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои рақами 1, рақами 2 ва рақами 3 ба андозаи 25,5 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетони пуркунанда 575 метри мукаабро ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти сохтмончиён, корҳои сохтмонӣ дар қисмати горизонталии поёнӣ ва шахтаи вертикалии нақбҳои обрасони агрегатҳои 1 — 6 дар асоси лоиҳаи ширкати “AFRY” (Поирӣ) иҷро гардида истодааст.

Дар шахтаҳои вертикалӣ, нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом ёфтаанд. Барои кушодсозии шахтаҳои обрасонии 2,3,4,5 ва 6 бошад, аз сатҳи 1171 ба поён, корҳои накбканӣ ба андозаи 19988 метри мукааб иҷро карда шудаанд.

Ба гуфтаи масъулин, ду агрегати иншоот, ки 16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат ба истифода супорида шуданд, беш аз 210 мегаватт иқтидор доштанд. Акнун вобаста ба баланд бардоштани сатҳи обанбор иқтидори ҳар кадом аз агрегатҳо то 130 мегаватт боло рафтааст. Тибқи иттилоъ, то ҳоло ду агрегат ба миқдори наздик ба 2 млрд к/с неруи барқ истеҳсол кардаанд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар агрегати чоруми НБО “Роғун” ба суръату сифати корҳо баҳои баланд додаанд.

Баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Пешвои миллат бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот карданд.

Гуфта шуд, аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳ, яъне аз соли 2008 то ба ҳол 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Танҳо дар соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат қариб се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба маълумоти Сарвари давлат, ҳоло дар сохтмон 12707 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 1990 нафар кормандони Ширкати “Вибилд” дар ду вахта бо истифода аз 3824 мошину механизмҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Таъкид шуд, ки нақби чорум бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шавад, зеро истифодаи он ба баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва обгирии обанбор дар нуқтаи 1100 метр имконият медиҳад, ки ин, дар навбати худ, боиси афзоиши истеҳсоли қувваи барқ гардад.

Президент барои тезонидани кор дар иншоот таваҷҷуҳи ширкатҳои пудратиро ба тезонидани корҳо ва таъмини босифати он ҷалб карданд.

Ширкати “Вибилд”, ки тибқи шартнома бунёди сарбандро ба уҳда гирифтааст, вазифадор гардидааст, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлати муайянгардида таъмин намуда, ба масъалаи устувории сарбанд ва пешгирӣ намудани пуршавии обанбор аз обовардҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.

Барои пешрафти корҳо дар иншоот зарур шумурда шудааст, ки шумораи мошину механизмҳо дар сохтмони сарбанд бояд бамаротиб зиёд карда, ҳаҷми рехтану шибба кардани сангу шағал ва масолеҳи дигар ба сарбанд афзоиш дода шавад.

Таъкид гардидааст, ки коргарон бояд ба эътимоднокии корҳои сохтмон ва истифодаи масолеҳу таҷҳизоти босифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Кормандони назорати техникии НБО “Роғун” вазифадор шудаанд, ки якҷо бо мутахассисони Хадамоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмони назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ масъалаи мазкурро бо реҷаи шабонарӯзӣ таҳти назорат қарор диҳанд.

Баъди таҳлили пурраи ҷараёни корҳо дар иншооти муҳими кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти нерӯгоҳ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.