Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Шавкат Мирзиёев

Shared to Facebook

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 16 июл Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Тошканд барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо” қарор дошт, ба ҳузур пазируфтааст.

Дар рафти вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Президенти Ӯзбекистон саломи бародарона ва орзуи саломатии бардавомро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонид, хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

“Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон сатҳи баланди муносибатҳо бо Ӯзбекистонро сидқан қадрдонӣ мекунанд ва таъкид намуд, ки бо иродаи қавии сиёсии роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳо пайваста рушд ёфта, самтҳои навро фаро мегиранд”, — омадааст дар хабар.

Ҷонибҳо рафти татбиқи созишҳои бадастомада аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 11-12 июни 2021-ро, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии роҳбурдии ду кишвар таҳрик бахшид, мавриди баррасӣ қарор додаанд.