Ба муносибати 28-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон

Shared to Facebook

7 январи соли 2021 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 28 сол пур мешавад. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони роҳбурдӣ мебошанд. Мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд. Вежагии муносибатҳои муосири Тоҷикистону Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, яксонӣ ё наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар ҳоли ҳозир робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию-техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқотҳои мунтазами сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Сатҳи баланди муносибатҳоро заминаи мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ собит месозад, ки беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад. Моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ — Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Санади дигари муҳим Созишнома дар бораи шарикии роҳбурдӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 сентябри 2015 мебошад. Дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба — эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, адами дахолат ба корҳои дохилии якдигар ва саъйи тарафайн ба роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд.

Муколамаи сиёсии Тоҷикистону Қазоқистон пайваста рушд мекунад. Дар давраи сипаришуда 7 сафари расмӣ дар сатҳи сарони давлатҳо (солҳои 1993, 1995, 2000, 2006, 2008, 2015 ва 2018), сафарҳои сершумори расмӣ ва кории вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шудаанд.

Иқтидори ҳамкории иқтисодии тарафайн бузург мебошад. Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ мунтазам баргузор мешаванд. Бо қарори роҳбарияти ду кишвар сатҳи ҳамраисӣ дар Комиссияи мазкур то муовинони якуми сарвазирони кишварҳо боло бурда шуд. Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ дар нимаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ба мақсади додани такони тоза ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ду кишвар Харитаи роҳ барои солҳои 2019-2022-ро ҷиҳати афзоиши гардиши мол татбиқ менамоянд, инчунин дар чорчӯби Гурӯҳи корӣ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба ва номгӯи молҳои содира ҳамкорӣ мекунанд. Шоёни зикр аст, ки 18 июли соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон дувумин Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ва Нӯҳумин форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор шуд.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2019 маблағи 957,5 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, дар 10 моҳи соли 2020 ба 713,6 млн доллари ИМА расид.

Ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад.

Муносибатҳо байни доираҳои илмию эҷодӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барқарор шуда, густариш меёбанд. Шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси саҳмия таҳсил кунанд.

Ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба — СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва МҲТБО бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд ва мавқеъҳоро ҳамоҳанг менамоянд.

Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Қазоқистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил ва шарокати роҳбурдӣ таҳким бахшад.

https://mfa.tj/