Имрӯз дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон маросими видоъ ва бахоксупории муовини марҳуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ки 17 июн бар асари садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи зану фарзанд ва ёрдамчиву ронандааш дар дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ғарқ гардида, ба ҳалокат расида буд, баргузор шуд.
Дар маросими видоъ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои кадрҳо, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин наздикону пайвандон ва ҳамкорон иштирок карданд.
Зимни маросим таъзия ва ҳамдардии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила, наздикону пайвандони марҳум расонида шуд.
Иштирокдорони маросим аз хизматҳои арзишманд ва фаъолияти пурсамари Алишер Мирзонабот ёдовар шуда, саҳми ӯро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафт ва ободонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоиста арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ёди неки Алишер Мирзонабот ҳамчун роҳбари масъулиятшинос ва фарзанди содиқи Ватан дар хотираи мардуми тоҷик ҳамеша ҷовидон боқӣ мемонад.




