Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО “Роғун” боз $300 млн грант медиҳад

Shared to Facebook

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” боз 300 миллион доллар грант медиҳад. Ба иттилоъи дафтаи матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарори Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар ин бора рӯзи 30 июн тасдиқ шудааст.

Сомонаи Бонки ҷаҳонӣ низ дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, ки ин маблағ барои идомаи корҳои сохтмонӣ, харид ва насби таҷҳизотиэлектромеханикӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ, назорати сифат, таъмини бехатарӣ,инчунин татбиқи чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯчонидан ва барқарор кардани манбаъҳои даромади хонаводаҳои зарардида, равона мешавад.

Ба иттилоъи масъулин, дар маҷмӯъ, Бонки ҷаҳонӣ ба НБО Роғун дар ду марҳила 650 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Марҳилаи аввал дар ҳаҷми 350 миллион доллар охирҳои соли 2024 тасдиқ шуда буд.

Намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Пайрав Амирзода гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста ва талошҳои созанда дар пешбурди яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии ҷумҳурӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуд.

Таъкид гардидааст, ки лоиҳаи НБО “Роғун” дар меҳвари сиёсати рушди дарозмуддати Тоҷикистон қарор дошта, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими суботи молиявӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамзамон татбиқи он ба такмили идоракунӣ дар бахши энергетика, таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ ва ҷалби шарикони рушд дар доираи барномаи марҳилавии сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шудааст, ки пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ низоми энергетикии ҷумҳурӣ ба таври куллӣ беҳтар гардида, норасоии мавсимии неруи барқ аз байн меравад ва эътимоднокии таъминоти барқ афзоиш меёбад.

Ҳамчунин, лоиҳа дар таҳкими устувории Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим нақши муҳим хоҳад гузошт.

Гуфта шудааст, татбиқи лоиҳа барои рушди саноат, баланд бардоштани ҳосилнокии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот ва таъсиси даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ дар давраи сохтмон ва баъд аз он заминаи мусоид фароҳам меорад. Манфиатҳои дарозмуддати он бахшҳои истеҳсолот, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои рақамиро низ фаро хоҳад гирифт.

Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки НБО “Роғун” барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва амнияти энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аҳамияти стратегӣ дошта, содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшаванда ба рушди бозори минтақавии неруи барқ ва коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои сӯзишвории истихроҷшаванда мусоидат хоҳад кард.

Гуфта шудааст, ки марҳилаи нави маблағгузорӣ ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва Чаҳорчӯбаи ҳамкории кишварӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ пурра мутобиқ буда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории самаранок ва татбиқи муваффақонаи лоиҳаи “Роғун” иброз намудаанд.