Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Амрико

Shared to Facebook

Рӯзи 30 июн таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур дар Вашингтон даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид:

“Зимни машваратҳо ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида дар заминаи эҳтиром ва ҳамкории дарозмуддати мутақобилан судманд таъкид намуданд”, — хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон. 

Дар ҷараёни машваратҳо ҷонибҳо доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромарзӣ мубодилаи афкор анҷом дода, аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори Осиёи Марказиро таъкид намудаанд.

Гуфта мешавад, машваратҳо дар фазои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи сиёсӣ ва татбиқи пайгиронаи тавофуқҳои ҳосилшуда изҳор карданд.