Дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Амрико Марко Рубио масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст. Ин мулоқот рӯзи 30 июн дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуда, ба алоқаманди ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷониба дар асоси эҳтироми мутақобила ва ҳамкории дарозмуддату судманд таъкид карданд:
“Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор дода, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоиро ба лоиҳаҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва иқтисоди рақамӣ низ таъкид гардид”, — омадааст дар хабар.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ низ мубодилаи афкор намуда, омодагиро барои идомаи ҳамкории бештар дар мубориза бо ифротгароӣ, терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳкими субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ ва аҳамияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи платформаи дипломатии C5+1 таъкид намудаанд.
Бино ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, Марко Рубио ба аҳамияти баррасии имкониятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар бахши маъданҳои муҳими стратегӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок таъкид кардааст.
Иёлоти Муттаҳида инчунин шарикии худро бо Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ махсус қайд кардааст. Сухан дар бораи ёддошти тафоҳуми панҷсолаи дуҷониба дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ меравад, ки моҳи апрел ба имзо расида буд. Тибқи иттилои Департаменти давлатии ИМА, ин нахустин санади чунин навъ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мебошад, ки дар доираи стратегияе бо номи America First Global Health Strategy-и маъмурияти Доналд Трамп қабул шудааст.




