Эмомалӣ Раҳмон: СММ ва СҲШ метавонанд дар бунёди тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ нақши бештар дошта бошанд

Shared to Facebook

Имрӯз, 1 сентябр дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи “СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба” баргузор гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш, қолаби СҲШ+ро “заминаи хуби рушди ҳамкории бисёрҷониба ва нишонаи эътибори афзояндаи Созмони ҳамкории Шанхай” номидаанд.

“Имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯбарӯ аст”, — изҳор доштааст Сарвари давлат.

Бо нигаронӣ аз авзои ҷаҳони имрӯза Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид доштаанд, ки “таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем”.

Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо аз пешниҳоди нави Тоҷикистон дар бораи “Барномаи чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об” барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 ёдовар шудаанд, ки дар баробари чаҳорчӯбҳои муҳиме чун “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо” ҷавобгӯи ормонҳои аҳли башар дар ин масир хоҳад буд.

Зикр гардидааст, ки “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии СММ пешбарӣ шудааст, ҳамчун як чаҳорчӯби байналмилалии матлуб рушд мекунад.

Изҳори итминон карда шудааст, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд.

Сарвари давлат иттилоъ додаанд, ки соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин даҳсола якҷоя бо СММ аввалин Конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват кардаанд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок варзанд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки “Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ таъкид мекунад, ки муколамаи байни тамаддунҳо ва тақвияти сулҳ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ воситаҳои муҳими муқовимат ба тафриқа, экстремизм ва радикализм мебошанд”.

Президенти Тоҷикистон изҳори бовар намудаанд, ки СММ ва СҲШ бар асоси арзишҳо ва принсипҳои муштараки ҳамкории созанда метавонанд дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона, фарогир ва устувор нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошанд.

Гуфта шудааст, ки “Тоҷикистон омода аст дар пешрафти ин раванди созанда якҷоя бо ҳамаи давлатҳо дар доираи “СҲШ+”, СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ саҳмгузор бошад”.

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ 01.09.2026