Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шудааст.
Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ин мулоқот имрӯз, 1 сентябр, дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек баргузор гардид.
Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намудаанд.
Идомаи фаъоли муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун муҳим дониста шудааст.





