Оғози татбиқи Қонуни авф: Беш аз 2970 ҳазор нафар ба озодӣ баромаданд

Shared to Facebook

6 июн дар асоси иҷрои Қонун “Дар бораи авф” гурӯҳи аввалини зиндониён – 2 ҳазору 979 нафар ба озодӣ баромаданд. Дар ин бора Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ, озодшудагон аз зиндонҳои шаҳри Норак, Ваҳдат, ноҳияи Ёвон ва Дӯстӣ буда, дар байни онҳо 297 нафар занон ҳастанд.

Ёдрас мекунем, ки 16 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ лоиҳаи Қонун “Дар бораи авф”-ро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.

“Қабули Қонун “Дар бораи авф” ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд”, — гуфта мешуд дар шарҳи ин қонун.

Қонуни авф ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11 ҳазору 305 нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.

Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.

Қонун “Дар бораи авф” инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.

Қонун марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.

__