Нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд дар Боку

Shared to Facebook Shared to Max

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ дар шаҳри Боку нишасти матбуотӣ доир ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Озарбойҷон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад.

Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон