Пули 100-сомонии Тоҷикистон дар рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон

Shared to Facebook Shared to Max

Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон, ки соли 2025 ба муносибати 25-солагии пули миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил гардид, иттилоъ додааст Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин пули ҷашнӣ инчунин ба Озмуни байналмилалии «Пулҳои сол» ва «High Security Printing» роҳ ёфта, дар номинатсияи «Беҳтарин пули ҷашнӣ — 2025» соҳиби ҷоизаи олӣ гардидааст.

Мутахассисон ба тарҳи навоварона ва сатҳи баланди ҳимоявии он баҳои баланд додаанд. Дар он акси шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Парлумони Тоҷикистон, нишону рамзҳои давлатӣ ва унсурҳои муосири муҳофизатӣ ҷой дода шудаанд. Пули мазкур аз нахи пахта истеҳсол шуда, дорои технологияҳои пешрафтаи зиддиқалбакӣ мебошад.

Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилоти пулӣ, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, суботи иқтисодӣ ва рушди давлатдории муосир ба ҳисоб меравад. Он эътимоди ҷомеаро ба низоми молиявии кишвар инъикос намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият медиҳад.

➡️Бонки миллии Тоҷикистон