Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи мардуми Афғонистон хоҳад буд

Shared to Facebook

Имрӯз, 30 июн, дар Қасри миллат мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ баргузор гардид:

“Дар ҷараёни мулоқот раванди ҳамкории байни кишварҳо, ба хусус робитаҳои парламентӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид намудаанд, ки мардуми Тоҷикистон на танҳо аз назари ҷуғрофӣ, балки аз дидгоҳи муштаракоти арзишӣ низ ҳамеша дар паҳлӯи мардуми Афғонистон қарор хоҳад дошт:

“Мо аз иқдомҳои ҳукумату мардуми кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди мамлакат пуштибонӣ хоҳем кард”, — гуфта шудааст дар мулоқот.

Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳо дар самтҳои барои кишварҳо афзалиятноку судманди соҳаҳои энергетика ва зерсохтор, ташкили долонҳои нави нақлиётӣ байни кишварҳо ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур, табодули андеша кардаанд.

Вобаста ба идомаи нооромиҳо дар Афғонистон ва шиддат гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷонибҳо ҳамкории амалии ду кишварро дар арсаи амниятӣ зарур донистаанд.

Таъкид гардидааст, ки барои мубориза бар зидди террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори қочоқи маводди мухаддир чораҳои муассир андешида шаванд.