Ифтитоҳи эстакада ва чанд иншооти дигар дар Душанбе

Shared to Facebook

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 10 июл эстакадаи сесатҳаро дар пойтахт ифтитоҳ карданд.

Ин эстакада дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Иттилоъ дода шудааст, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.

Гуфта шуд, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд.

Зимни шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати баланд анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф ва нигоҳубини минбаъдаи иншооти муосир ҷалб намуданд, зеро бино, ба таъкиди Сарвари давлат, ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд.

Қаблан чунин як эстакада дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба истифода дода шуда буд.

Худи ҳамон рӯз ҳамчунин дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-ро ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” дар як шабонарӯз имкон дорад то 20 ҳазор адад сару либоси гуногунро истеҳсол карда, дар маҷмӯъ, дар як моҳ аз 250 то 500 ҳазор дона либосро омода ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ, корхона тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”  шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти коргоҳи навтаъсис воридотивазкунанда буда, мувофиқ ба завқу салиқаи харидорон тайёр мешавад. Аз ин рӯ ба фаъолият оғоз намудани он минбаъд метавонад то ҷое талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот қонеъ намуда, воридоти онро ба кишвар коҳиш диҳад. Ҳамчунин ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноаткунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, дар ин баробар имконият фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии мамлакат рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ  дар дохил роҳандозӣ карда шавад.  

Зимни муаррифии марҳилаи дуюми корхона ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони навбати дигари иншооти мазкур идома дошта, дар он сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ҷой дода мешавад. Тибқи лоиҳа корхона бо шаклу услуби муосири меъморӣ бо тамоми иншооти ёрирасон бунёд мегарад.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат дастур доданд, ки боз 350 ҷойи кории дигар барои дӯзандаҳо ва 300 ҷойи кории дигар барои толори намоишӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил карда шавад. Дар идомаи ду соли баъдӣ иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад ёфт, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди истеҳсоли сару либоси ватанӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Кормандони коргоҳи навтаъсисро ҳидоят карданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то сару либоси истеҳсолнамудаи корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд.  

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе бинои Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД-ро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино вайрону валангор ва солҳои зиёд бекорхобида буд. Ҳамакнун мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ гардида, дар он барои кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД шароити мукаммали корӣ фароҳам оварда шуд.

Бинои 8-ошёна дорои 43 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва анборхона ҷойгир шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншоот маълум гардид, ки утоқҳои корию ёрирасон ва долону дигар иншооти мавҷудаи биноро мутобиқ ба талаботи замон ва бо назардошти муҳайё будани шароити хуб барои хизматчиёни ҳарбӣ таъмир намуда, бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз намудаанд.

Нуқтаи мутамаркази мушоҳидавӣ, ки кормандони он 1500 иншоотро назорат карда, тартиботи ҷамъиятиро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, дорои 4 компютер ва дигар таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ мебошад. Маҷлисгоҳи Хадамот 150 ҷойи нишаст дорад ва дар он ҳама гуна воситаҳои техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз, таҷҳизот барои гузаронидани видеоконфронсҳо ва ғайра таъмин аст. Дар ҳар як ошёна утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла нуқтаҳои шӯстушӯӣ мавҷуд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”ро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Рӯзи 10 июл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” оғоз бахшиданд.

Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Рафти бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президент қарор дорад.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.

Озмуни мазкур 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.

Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум шуд.