Ҳамкориҳои соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Cоҳибназар Fайратшо рӯзи 5 август бо Директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (Der Mittelstand BVMW) Маркус Йергер мулоқот кардааст.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбат ҷонибҳо дар бораи густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби соҳибкорони хурду миёнаи Олмон ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд:

“Бо дарназардошти фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ислоҳоти солҳои охири иқтисоди Тоҷикистон, Иттиҳоди мазкур ҳавасмандии хешро баҳри вусъати робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз намуда, таъини атташеи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмонро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи Тоҷикистон дар рушди шарокат бо Аврупо арзёбӣ кард”, — хабар дод манбаъ.

Зикр мегардад, ки иттиҳоди мазкур беш аз 9000 ширкатҳои хурду миёнаи олмониро муттаҳид намуда, дар хориҷа дорои 300 намояндагӣ мебошад.