“Сомон Эйр” парвозҳоро ба Тошканд зиёд кард

Shared to Facebook

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта зиёд намуд.

Аз ин ба баъд парвозҳо бо ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд: вақти парвоз рӯзи душанбе аз Душанбе — соати 09:30 ва аз Тошканд — 11:50 бо вақти маҳаллӣ; вақти парвоз рӯзи ҷумъа аз Душанбе — соати 09:20 ва аз Тошканд — соати 11:20 бо вақти маҳаллӣ, хабар дод дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Арзиши билет ба ин хатсайрҳо аз 1783 сомонӣ муқаррар шудааст.

Тибқи талаботи нави Ӯзбекистон, кулли мусофирони аз 2-сола боло, ки вориди ин кишвар мешаванд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Шахсоне, ки маълумотномаашон ба талаботи ҷорӣ ҷавобгӯ нест, ҳамчунин шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19 доранд ва ё натиҷаи санҷиши PCR-тесташон мусбат мебошад, ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба COVID-19 — натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Тошканд ба Душанбе азми сафар доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ҳамчунин шаҳрвандони Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Қазоқистон ва Русия, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, иҷозатномаи вурудии мақомоти ваколатдори Тоҷикистон лозим нест.

Мусофироне, ки таби баланд ва ё нишонаҳои COVID-19 доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Ҳангоми парвоз ба мусофирон пӯшидани ниқоб ва дастпӯшҳои ҳифозатӣ ҳатмӣ мебошад.