Тоҷикистону Чин аз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек гуфтанд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 сентябр бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо таманниёти сулҳ, некӯаҳволӣ, комёбиҳои нав ва шукуфоӣ Пешвои миллат ва тамоми сокинони Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии кишвар самимона табрик намудааст:

“Зимни суҳбат сарони ду давлат ҷанбаҳои мухталифи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чинро муҳокима намуданд. Дар ин замина, аз ҷумла масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ гардиданд. Натиҷаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтор бо қаноатмандӣ зикр карда шуданд”, — хабар дод манбаъ.

Сарвари давлати мо ба ҷониби Чин барои сари вақт расонидани миқдори зарурии ваксинаҳои зиддивирусии истеҳсоли Чин ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкории тарафҳо дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 изҳори сипос намудаанд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин доир ба рушди вазъ дар минтақа дар заминаи шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистон табодули назар кардаанд.

Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории минбаъдаи зичро дар масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақавӣ таъкид кардаанд.

Ҳангоми баррасии муносибатҳои бисёрҷониба ба раёсати кунунии Тоҷикистон дар СҲШ ва Саммити қарибулвуқӯи Созмон дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Дар ин зимн Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин нақши Пешвои миллатро ҳамчун яке аз муассисони СҲШ дар таъсис, рушду густариш ва таҳкими эътибори он ба таври хоса таъкид карда, баргузории бо муваффақияти Саммити ҷашнии онро таманно кардааст:

“Шумо дар саргаҳи таъсис додани ин Созмон қарор доштед, саъю талошҳои бузургмиқёсро ҷиҳати рушду густариш ва таҳкими обрӯи он дар “Руҳияи Шанхай” ба харҷ додед”, — изҳор доштааст Си Ҷинпин.

Дар поёни суҳбат сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин мавқеи муштараки худро барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Чин дар ҳама шаклҳо тасдиқ намудаанд.