Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли тамоми масъалаҳоро танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдоранд

Shared to Facebook

Рӯзи 21 июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти дуҷониба анҷом додаанд.

“Дар мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ карда, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд”, — хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президент.

Сарони давлатҳо оид ба муҳимияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ташаккули фазои нави ҳамёрӣ мусоидат карда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар такон мебахшанд, андешаи ҳамсон доштаанд.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ба роҳ мондани муколамаи созандаи дуҷониба бар пояи риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои рушди минбаъдаи онҳо муҳим дониста шудааст. Дар робита ба ин, сарони давлатҳо ба ҳалли тамоми масъалаҳо бо дарназардошти манфиатҳои тарафҳо танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсию дипломатӣ изҳори ҷонибдорӣ намудаанд.

Президентҳо ба мувофиқа расидаанд, ки фаъолияти механизмҳои ҳамёрии дуҷониба, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷоннок карда шавад.

Сарони давлатҳо муҳимияти истифодаи ҳамоҳангшудаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва густариши ҳамкориро дар ин самт таъкид кардаанд. Ба мувофиқа расида шудааст, ки фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Кирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷонибаи марбут ба истифодаи захираҳои об муҷаддадан фаъол гардонида шавад.

Президентҳо фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Аралро дар заминаи раёсати Тоҷикистон дар ин сохтор баррасӣ кардаанд. Дар робита ба ин, онҳо ба идома додани талошҳои пайвастаи ҳамаи давлатҳои муассис ҷиҳати такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқию қарордодии ФБНА бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа бидуни истисно изҳори ҷонибдорӣ кардаанд.

Мусоҳибон изҳори итминон намудаанд, ки усулҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки бар асоси онҳо ду халқ аз замонҳои қадим зиндагӣ ва бунёдкорӣ кардаанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои созандаи ду ҳамсояи наздик мусоидат хоҳанд кард.