Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчунин як қатор иншооти муҳими энергетикиро, ки дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоб бунёд шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бо иштироки Сарвари давлат зеристгоҳи барқии 110/35 киловолтаи Қозидеҳ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи “Барқикунонии вилояти Бадахшон” бунёд гардида, ба таҳкими шабакаи барқӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар ноҳияи Ишкошим равона шудааст.
Дар ноҳияи Шуғнон бошад, Президент неругоҳи офтобии деҳаи Рожро бо иқтидори 3 мегаватт ба истифода доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин неругоҳ яке аз иншооти бузурги истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар вилоят ба ҳисоб меравад. Барои тавлиди неруи барқ дар он 4 ҳазору 752 панели офтобӣ насб шудааст.
Ҳамчунин, дар деҳаи Вранҷани ноҳияи Рӯшон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 112 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин иншоот бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии деҳа бо неруи барқ бунёд шуда, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии маҳал мусоидат мекунад.
Дар идомаи тадбирҳои марбут ба рушди энергетика дар деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори 25 киловатт ба истифода дода шуд. Ба истифода додани ин неругоҳ барои сокинони деҳаи Биҷрав аҳамияти муҳим дошта, имконияти дастрасӣ ба неруи барқи доимиро фароҳам меорад.
Дар деҳаи Девлохи деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон низ неругоҳи обӣ бо иқтидори 15 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки чунин иншооти энергетикӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтори деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ноҳияи Мурғоб бошад, дар деҳаи Тохтамиши деҳоти Қизилработ ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуданд. Ин неругоҳҳо дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд бунёд гардидаанд.
Дар баробари неругоҳҳои бодӣ, дар ҳамин мавзеъ дар масоҳати беш аз як гектар панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Иқтидори умумии онҳо 1138 киловатт буда, иқтидори захираи энергия дар батареяҳо ба 590 киловатт-соат мерасад. Ин маҷмааи энергетикӣ имконият медиҳад, ки 145 хоҷагӣ дар тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин карда шавад.
Дар ноҳияи Рӯшон ҳамчунин хатти интиқоли барқи 110 киловолта мавриди истифода қарор гирифт. Хатти нави интиқоли барқ ба масофаи 42 километр кашида шуда, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани он дар рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи ноҳия аҳамияти муҳим дорад. Иншооти мазкур ба баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар ноҳияи Рӯшон мусоидат хоҳад кард.
Дар маҷмуъ, ба истифода додани зеристгоҳ, хатти интиқоли барқ ва неругоҳҳои офтобиву обӣ ва бодӣ дар ноҳияҳои гуногуни ВМКБ қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори энергетикӣ ва истифодаи бештари манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба шумор меравад.





