Таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

Shared to Facebook

27 сентябр дар шаҳри Хоруғ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро ба муносибати ин ҷашн шодбош гуфта, таъкид карданд, ки таҷлили ин ҷашни муҳим на танҳо баёнгари иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ мебошад, балки барои муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни он дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти муҳим дорад.

Президент изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар раванди таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузоштаанд.

Гуфта шуд, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногунро сохта, ба истифода додаанд, ки ин нишондиҳанда аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.

Сарвари давлат ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла сокинони шаҳри Хоруғ, барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Дар идомаи суханронӣ аз мардуми сарбаланди вилоят даъват карда шуд, ки бо кору пайкори созанда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба яке аз марказҳои бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил диҳанд ва бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона имконоти сайёҳии ин гӯшаи кишварро ба ҷаҳониён ҳарчӣ бештар муаррифӣ намоянд.

Президенти кишвар бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматпешаи вилоят, аз ҷумла ҷавонони ватандӯст, минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ташаббусҳои созанда ва ифтихор аз давлатдории миллӣ барои ободонии диёри худ ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Пас аз суханронии Роҳбари давлат ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангиву консертӣ баргузор гардид.

Иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 27.09.2026

_

Суханронии Президенти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии

Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ ва тантанаи адолати таърихӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки чанде пеш онро мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям.

Бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки ин ҷашн на танҳо рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вусъати бесобиқаи корҳои ободкориву созандагӣ, балки муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни он дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини мо ҳамчун падидаи нодири таърихӣ ва рӯйдоди сарнавиштсози сиёсӣ баёнгари возеҳи фарҳангу тамаддуни бостонӣ, анъанаҳои деринаву созандаи давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватанпарастии миллати бошарафу сарбаланди тоҷик мебошад.

Миллати тоҷик истиқлолу озодиро дар зарфи 35 сол чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ҳимояву таҳкими он ҳамчун арзиши муқаддастарин ва неъмати азизтарини зиндагии худ кӯшишу талоши бесобиқаи таърихӣ ба харҷ дод.

Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин раванди таърихӣ, яъне таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузоштанд.

Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ натанҳо эҳтирому гиромидошти таърих ва санаи тақдирсози миллат, балки оғози марҳалаи нави созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими минбаъдаи худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.

Дар робита ба ин, қобили зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд.

То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда хеле зиёд аст.

Бинобар ин, мехоҳам ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ миннатдории самимӣ изҳор намоям.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавозу фарҳангсолор, табиати нотакрор, имкониятҳои васеи сайёҳӣ ва арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикӣ маҳбубияти зиёд дорад.

Имрӯз унсурҳои фарҳангии мардуми вилоят, аз қабили суруду мусиқӣ, сару либос, ҳунарҳои мардумӣ, расму ойин ва таомҳои миллӣ таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд, зеро онҳо инъикосгари беҳтарин анъанаҳои ниёгони некноми мо мебошанд.

Табиати нотакрору биҳиштосо, қуллаҳои сарбафалаккашида, Боғи миллии Тоҷикистон, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, водии Вахон, кӯлҳои Сарезу Қарақул, чашмаҳои шифобахш ва дигар мавзеъҳои сайёҳии вилоят беҳтарин ҷойҳои сайру саёҳат ва табобату истироҳат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо истифода аз ин имкониятҳо мо бояд Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ва паёмадҳои ногувори он, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои миллат ва давлати худ, инчунин, арзишҳои бостонии миллиамон огоҳиву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем.

Дар ин ҷода мо ҳамеша ба ҷавонон ҳамчун қишри созандаву фаъоли ҷомеа такя мекунем ва ба нақши онҳо дар бунёди давлатдории миллӣ арҷ мегузорем.

Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки меросбарони асили наслҳои гузашта ва бунёдгарони имрӯзу фардои Ватан мебошанд ва ояндаи ободу осудаи давлату миллат аз илму дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва мавқеи созандаву устувори онҳо вобастагии мустақим дорад.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматпешаи вилоят, аз ҷумла ҷавонони ватандӯст, минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ташаббусҳои созанда ва ифтихор аз давлатдории миллӣ барои ободии диёри хеш ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони азизамон талош хоҳанд кард.

Бо ибрози эътимод ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон бори дигар кулли мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар як хонадони вилоят саломативу хушҳолӣ, рӯзгори ободу осуда ва иқболи баланд орзу менамоям.

Бигзор, офтоби истиқлолу озодӣ дар фазои хонадони ҳар як сокини вилоят ҳамеша нурафшон бошад ва мужда аз фардои неку босаодати миллату давлат диҳад.

Ҷашни ифтихори ватандорӣ ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ҳамеша саломату комёб бошед!