Вазъи “хеле нигаронкунанда” дар мақомоти молия

Shared to Facebook

Дар натиҷаи тафтиши фаъолияти Вазорати молияи Тоҷикистон ва ҳафт сохтори зертобеи он, ки соли 2020 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ зарарӣ молиявӣ ошкор гардидааст.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молияи ҷумҳурӣ изҳор дошта, вазъро “хеле нигаронкунанда” арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки зарари молиявии калон асосан дар дастгоҳи марказии вазорат ошкор шудааст:

“Ҳолати мазкур аз мавҷуд будани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар низоми Вазорати молия шаҳодат медиҳад”, — гуфтанд Сарвари давлат.

Ин маълумот дар ҳоле садо дод, ки Президент гуфтанд, фаъолияти кормандони масъули мақомоти молия дар баъзе ҳолатҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ҷониби онҳо баъзан содиршавии амалҳои ношоиста, аз ҷумла даст задан ба ҷиноятҳои хислати иқтисодидошта ва кирдорҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд.

Вабаста ба ин роҳбарияти Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешад ва низоми идораи вазоратро дар ин самт ба таври ҷиддӣ тақвият бахшад:

“Зеро иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз мутахассис то роҳбарияти Вазорати молия масъулияти дучандро талаб менамояд”.

Изҳори итминон шуд, ки кормандони мақомоти молия аз камбудиву мушкилоти зикршуда хулосаҳои зарурӣ бароварда, тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона месозанд ва дар оянда бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳми хешро дар рушди давлат ва ободии Ватан мегузоранд.