Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба анҷом додаанд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президент.

Сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистонро ба Узбекистон, ки моҳи июни имсол сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳимму арзишманд арзёбӣ намудаанд.

Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имконоти истифоданашуда омодагии худро иброз доштаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардидаанд.