Шӯрои Аврупо аз мавқеъи Президенти Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард

Shared to Facebook

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо мавқеъгирии бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мувофиқанд.

Вай пас аз суҳбати телефонӣ бо Президенти Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар “Твиттер” навишт, дар суҳбат оид ба вазъи Афғонистон ва пайомадҳои он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин изҳороте, ки ба наздикӣ Ҳукумати Тоҷикистон эълон дошт, мубодилаи афкор намуданд:

“Мо ҳамчунин дар хусуси таъсиси ҳукумати намояндагӣ ва фарогир дар Афғонистон, инчунин оид ба аҳамияти ҳамкории ду чониб дар идоракунии сарҳади Осиёи Марказӣ чиҳати мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидем. Мо бесаброна интизори мулоқот бо Ҷаноби Олӣ дар моҳи октябр дар Брюссел ҳастем”, — гуфт Шарл Мишел.

Суҳбати телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо рӯзи 26 август доир гардид. Ин суҳбат бо ташаббуси Шарл Мишел сурат гирифта, Сарвари давлат ба ӯ барои ташаббуси баррасии мушкилоти Афғонистон изҳори сипос намудаанд.

“Ҷонибҳо бо нигаронӣ рушди кунунии вазъи буҳронӣ дар ин кишварро зикр карданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Сарвари давлати мо иброз доштаанд, ки бинобар хуруҷи босуръати неруҳои эътилофи байналмилалӣ, Афғонистони азияткашида дар остонаи фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои нав барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ногувор меорад, қарор дорад.

Аз эҳтимоли дар минбаъда ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ табдил ёфтани қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шудааст.

Бо таассуф зикр карда шудааст, ки “Толибон”, сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд.

“Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад”, — гуфтаанд Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат афзудаанд, Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, инчунин ӯзбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Дар ин замина аҳамияти таъсиси ҳарчи зудтари ҳукумати фарогир таъкид карда шудааст.

Инчунин, дар бораи пурзӯр кардани расонидани кӯмаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо бӯҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, ибрози андеша карда шудааст.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон мавриди назар қарор гирифтаанд.

Ҷонибҳо мавқеи якдигарро оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намудаанд.

Дар бораи идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба мушкилоти Афғонистон ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мувофиқа ҳосил шудааст.

Дар фарҷоми суҳбат Шарл Мишел аз Президенти Тоҷикистон барои анҷом додани сафар ба Брюссел дар моҳи октябри соли равон даъват ба амал овардааст.

Ҳамакнун дар назар аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри имсол ҷиҳати мулоқоту музокирот бо роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел сафар намояд.

Аз ин қабл сомонаи расмии Қасри Елисей хабар дод, ки рӯзи 13 октябри имсол мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Фаронса Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон баргузор мегардад.

Ёдрас мекунем, ки қабл аз ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ ҳам гуфтанд, Тоҷикистон ҷонибдор аст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии Афғонистон бояд ҳарчи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Дар айни замон Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар Афғонистон бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми он кишвар, бахусус бидуни тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф намекунад. Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.