Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 4 сентябр Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Италия Луиджи Ди Майоро ба ҳузур пазируфт:

“Дар рафти мулоқот вазирон оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, нақшаи тамосҳои сиёсии дарпешистодаро муҳокима карданд. Ба рушди ҳамкорӣ бо Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ диққати махсус дода шуд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамсуҳбатон ҳамкории созандаи Тоҷикистону Италияро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонӣ қайд кардаанд.

Тарафҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон  ва минтақа низ мубодилаи афкор намуда, мавқеи якдигарро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатарҳои амниятӣ ҷонибдорӣ намудаанд.

Вазирони корҳои хориҷӣ омодагиро барои идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Италия ва минтақавӣ иброз намудаанд.