Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон 2 баробар афзудааст

Shared to Facebook

Соли 2021 гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон то ба 121 миллион доллар расидааст, ки ин 2 маротиба нисбат ба соли 2020 бештар будааст.

Ин маълумот зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ садо дод.

Гуфта шудааст, дар пайи супориши роҳбарони ҳарду кишвар муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

“Ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн. доллари ИМА ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ баён намуданд”, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорат.

Собирӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро даъват намудааст, ки имни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла “Чобаҳор” ва шаҳракҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Қазвину Машҳад ва вилояти Хуросон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Эрон дар ин самт боздид намояд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳори омодагӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Душанбе 18 сентябр байни Тоҷикистону Эрон 8 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Ҳамчунин, барои афзоиши савдои дуҷониба байни давлатҳо пешниҳод шуда буд, ки Барномаи дарозмуҳлати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон таҳия ва қабул шуда, Палатаи муштараки савдо ва саноат, инчунин Шӯрои муштарак оид ба сармоягузорӣ таъсис дода шавад.