Аҳмад Бойтурсинов — ифтихори мардуми Қазоқистон

Shared to Facebook

Аҳмад Бойтурсинов яке аз намояндагони барҷастаи зиёиёни ибтидои асри XX мебошад. Ӯро муаллими миллат мегӯянд. Олим ва сиёсатмадоре, ки умри худро ба эҳёи давлатдории миллӣ ва худшиносии миллӣ бахшидааст, дар таърихи кишвар як шахсияти барҷаста гардид.

Фарзанди бузурги халқи қазоқ, пешвои маънавии миллат, маорифпарвари барҷаста, туркшинос, забоншинос, ислоҳотгари имлои забони қазоқӣ, созандаи нахустин китобҳои дарсии қазоқӣ, шоир, публисист, бунёдгузори нахустин нашрияи миллии “Қазоқ”, ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ.

Вай тамоми дониш, нерӯ ва ҳаёти худро ба мубориза барои истиқлолияти Қазоқистон, барои азнавсозии маънавии халқи худ бахшид. Дар қатори дигар намояндагони барҷастаи зиёиёни қазоқ дар солҳои 30-юми асри XX қурбони таъқибҳои оммавӣ гардид.

Ӯ ҳамчун арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, маорифпарвар, омӯзгор, шоир, публисист, ислоҳотгари хатти миллӣ, асосгузори забоншиносӣ ва адабиётшиносии қазоқ ва яке аз асосгузорони ҳизби “Алаш” маъруф аст.

Ӯ феномени асри 20 аст, бинобар ин, дар байни ҳамаи қазоқистониён алоқамандии самимӣ ба вуҷуд овард.

Мероси публисист, мунаққиди адабӣ ва яке аз пешвоёни ҳаракати “Алаш” Аҳмад Бойтурсинов беназир аст. Саҳми ӯ дар рушди забоншиносӣ ва филологияи қазоқ, ислоҳот ва эҷоди алифбои нави қазоқӣ, ки бойтурсиновӣ ном гирифтааст, хеле бузург аст. Хидмати бузурге, ки Бойтурсинов кардааст, аз лиҳози аҳамият ва арзиш аз асарҳои олимони пешқадами Аврупо кам нест.

Вай моҳи июни соли 1929 бо иттиҳоми фаъолиятҳои миллатгароёнаи зидди Шӯравӣ боздошт гардида, ба қатл маҳкум шуд. Ду сол дар зиндони Бутиркаи Маскав мунтазири иҷрои ҳукм монд. Ҳукми ӯ моҳи январи соли 1931 бо бадарғаи 10-сола дар вилояти Архангелск иваз карда шуд. Танҳо дар соли 1934 бо дархости Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх имкон пайдо кард, ки ба Алма-Ато баргардад ва дубора бо оилааш пайвандад. Моҳи октябри соли 1937 Аҳмад Бойтурсинов бори дигар ба ҳабс гирифта шуда, 8 декабри соли 1938 ҳамчун “душмани синфӣ” бо иттиҳоми иртибот бо созмони террористии ҳизби халқии турк парронда шуд. 4 ноябри соли 1988 Суди Олии Қазоқистон Ааҳмад Бойтурсиновро бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани таркиби ҷиноят сафед намуд.

Эҷодиёти Аҳмад Бойтурсинов оинаи ҳаёти халқи қазоқ, фикру зикр ва орзую умеди онҳо гардид. Ӯ яке аз аввалин олимону нависандагони замони худ буд, ки дар адабиёти қазоқ ба масъалаи миллӣ дахл карда, вазъияти ҷамъият ва роҳи рушди онро таҳлил кардааст. Бойтурсинов ҳамчунин яке аз аввалин шахсонест, ки эҷодиёти фолклориро гирд оварда, ба нашр расонид ва назарияи фолклори қазоқро бунёд гузошт. “Адебиет танитқиш” (“Әдебиет танытқыш”)-и ӯ ҳоло ҳам китоби актуалист, ки дар он бисёре аз анвоъи жанрҳои адабӣ ва асолати шеъри қазоқӣ тавзеҳ дода шудааст.

Аҳмад ҳанӯз 13-сола буд, вақте ки жандармҳо бо сардории полковник Яковлев ба авули онҳо омада, талаву тороҷ карданд. Падару бародарони Аҳмад ба ин таҳқиру бедодгарӣ тоб наоварда, полковникро, ки онҳоро хору зор карда буд, лату кӯб карданд. Маҳз барои ҳамин онҳо ба Сибир бадарға карда шуданд. Чун забони русиро намедонистанд, онҳо дар суд ҳақ будани худро исбот карда натавонистанд. Бойтурсин ҳангоми видоъ ба писараш гуфт: “Гуруснаю бараҳна монӣ ҳам, хон, писарам”.

Дар “Мактуб ба модар”, ки соли 1909 дар зиндони Семипалатинск навишта шудааст, Аҳмад ин воқеаро, ки ба у таъсири сахт расонда буд, ёдоварӣ намуда, қайд кардааст: “Дили ман, ки дар синни сездаҳсолагӣ шикаста буд, захми табобатнашаванда ва осори амиқро ҳифз кардааст”.

Аҳмад баъди боздошти падараш, ки он вақт мактаби авулро хатм карда буд, ба омӯзишгоҳи дусолаи русӣ-қазоқии Турғай рафт. Сипас ба мактаби омӯзгорӣ, ки онро маорифпарвар Ибрай Олтинсарин таъсис дода буд, дохил шуд ва ба мушкилоти молӣ нигоҳ накарда, соли 1895 онро хатм кард.

Аҳмад Бойтурсинов ҳамчунин созандаи тоте жазо (төте жазу) – хатти миллӣ дар асоси хатти арабӣ мебошад. Алифбои нави қазоқӣ, ки ба номи муаллиф бойтурсиновӣ номгузорӣ шудааст, дар замони худ барои тамоми мардуми туркзабон ҷиҳати ислоҳоти хатнависӣ ҳамчун намунаи хуб хизмат кард.

Бойтурсинов аввалин алифбои қазоқиро таълиф намуда, ҳамин тавр ислоҳоти хаттнависии қазоқиро анҷом дод, ки дар байни зиёиён дастгирӣ ёфт. Дар “Дастур оид ба забони модарӣ”, ки ба қалами ӯ тааллуқ дорад, нахустин маротиба дар бораи сохтори грамматикӣ ва садоии забони қазоқӣ ҳамчун забони модарияш таҳлили илмӣ дода шудааст. Вай дар “Дастур…” асосҳои истилоҳоти забоншиносиро, ки имруз ҳам бе тағйироти ҷиддӣ ба кор бурда мешавад, шарҳ додааст.

Аҳмад Бойтурсиновро ба таври воқеӣ бунёдгузори методикаи таълими забони қазоқӣ меноманд. Ӯ “Барномаи курси забони қазоқӣ”, “Дастур оид ба омӯзиши грамматика”, “Инкишофи нутқ”, “Алифбои нав” ва гулчинҳои гуногунро таълиф кардааст, ки борҳо аз нав нашр карда шудаанд.

Аҳмад Бойтурсинов дар фолклоршиносии қазоқ низ саҳми бузург гузошта, намунаҳои зиёди эҷодиёти шифоҳии халқи қазоқ ва осори мусиқиро ҷамъоварӣ ва нашр кардааст. Ӯ “Асосҳои адабиётшиносӣ”, “Таърихи фарҳанг” барин асарҳои бузургро таълиф намуда, дар ибтидои адабиётшиносии қазоқ истода буд.

Дар тамоми таҳқиқоти ӯ ақидаҳои равшанфикрӣ садо медиҳанд. Нашри “Шикояти қазоқҳо”, ки дар он сабабҳои фурӯпошии Хонигарии қазоқро шарҳ дода шудаанд, ҷолиби диққат аст. Ин яке аз андешаҳои ӯст: “Сабаби ҳама чиз нодонист, аз он мо сарват, қудратро аз даст додем, роҳи дурустро гум кардем”.

Инқилоби солҳои 1905—1907 дар ӯ умеди дигаргунсозиро бедор кард. Аҳмад дар фаъолияти сиёсӣ фаъолона иштирок мекард, бо фош кардани худсарии мақомоти маҳаллӣ ва сиёсати мустамликадории худкомагии подшоҳии Русия баромад мекард. Вай яке аз муаллифони муроҷиатномаи Қарқаралӣ буд, ки дар он манъи тасарруфи заминҳои Қазоқистон, боздоштани ҳаракати муҳоҷирон, ташкили земствохои халқӣ барои аҳолии бумӣ ва эҳтироми ҳуқуқи онҳо, аз таълими кӯдакон ба забони модарӣ cap карда, то ба қазоқҳо додани ҳуқуқи фиристодани шахсони интихобкардаашон ба мақомоти олӣ ва ғайра талаб карда мешуд.

Муаллифони муроҷиатномаро жандармерия фавран таҳти назорати пинҳонӣ гирифт. Соли 1907 Бойтурсиновро дар зиндони Қарқаралӣ маҳкум карданд. Баъдтар, дар соли 1909, бе муҳокима дар зиндони нангини Семипалатинск зиндонӣ карданд – ҷое, ки як вақтҳо Достоевский маҳкум шуда буд. Бойтурсинов аз соли 1910 то соли 1917 дар Оренбург бе ҳуқуқи истиқомат кардан дар Степном Край, вилоятҳои Семиреченск ва Тургай дар бадарға буд. Вай дар замони бадарға шеър эҷод мекард, классикони рус, бахусус осори Иван Криловро тарҷума кардааст. Маҷмуаи “Чил афсонаи Крилов” бо забони қазоқӣ ба Бойтурсинов ҳамчун шоир-тарҷумон ва шахсе, ки ғамхори халқ аст, олиме, ки табиати забони қазоқиро таҳқиқ кардааст, шуҳрат овард.

Солҳои 1913—1918 дар ҳаёти Бойтурсинов ҷолиби диққат буданд. Вай ҳамроҳи собиқ депутати Думаи Давлатии якум Алихон Букейхонов ва шоир ва нависанда Миржакип Дулатов соли 1913 дар Оренбург нашри газетаи “Қазоқ”-ро ташкил кард. Аҳмад дар саҳифаҳои нашрия оид ба равшангароӣ, адабиёт ва забоншиносӣ мақолаҳо чоп карда, мероси ғании фарҳангии халқи қазоқро муаррифӣ мекард, хонандагонро ба дониш ва камолот даъват менамуд.

Аммо пас аз як муддати кӯтоҳ Бойтурсиновро барои танқиди ҳукуматдорон ба маблағи калон ҷарима карданд. Баъдан вай ҷиҳати наҷот додани газета барои ба ивази ҷарима ба муддати се моҳ ба ҳабс гирифтан розигӣ дод. Пас аз ҷамъоварии маблағ аз обуначиён ӯро озод карданд. Рӯзнома то соли 1918 вуҷуд дошт ва дар ин муддат ба нашрияи миллии ҷамъиятию сиёсӣ ва илмӣ-адабӣ табдил ёфт.

Аҳмад Бойтурсинов дар анҷуманҳои умумиқирғизӣ, таъсиси ҳизби “Алаш”-и Қазоқистон ва ҳукумати Алаш Орда иштирок кардааст. Дар моҳи июни соли 1929 болшевикон фаъолияти пештараи сиёсии ӯро ба ёд оварда, роҳбарони собиқи ҳаракати “Алаш”-ро бо далелҳои гуё нави фаъолияти зиддиинқилобӣ айбдор карданд. Аҳмад Бойтурсинов, мисли замони подшоҳӣ, ҳамроҳи Миржакип Дулатов боз дар зиндони Қизил Орда ҳабс шуд. Баъдан ӯро ба вилояти Архангелск фиристоданд.

Соли 1934 бо дархости ҳамсари Максим Горкий, ки он вакт дар комиссияи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх кор мекард, Аҳмад озод карда шуд. Ба Алма-ато баргашт ва дар хонае зиндагӣ кард, ки баъдтар Хона-музейи вай ташкил карда шуд.

Моҳи октябри соли 1937 ӯро боз хабс карданд ва баъди ду моҳ парронданд. Тавре болотар гуфта шуд, соли 1988 Суди Олии Қазоқистон Аҳмад Байтурсиновро ба сабаби дар кирдораш мавҷуд набудани таркиби ҷиноят сафед кард.