Истиқлоли миллӣ ва инқилоби маънавӣ

Shared to Facebook

Расидан ба Истиқлоли давлатӣ, ки имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили 30 — солагии ҷашни мубораки он қарор дорем, дар поёни қарни гузашта ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани Тоҷикистон рӯйдоди нодиру бузурге ба шумор омад, ки воқеан дер боз тоҷикон интизори ин фасли ҳузури сабзи соҳибдавлатӣ бо гузашти наздик ба 1100 соли давлатдории Сомониён буданд.

Агар ба сарнавишти таърихи давлатдории тоҷикон мурур шавад, мусаллам мегардад, ки ба таъбири Пешвои миллат: “Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру мутамарказу муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва расму оини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд. Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдгузориву ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост”.

Ҳамин тавр, агар ба сайри таърихии давлатдории тоҷикон бар пояи манобеи таърихӣ руҷуъ шавад, маълум мегардад, ки ба ифодаи Пешвои миллат сароғози он ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, баъдан дар замони Сомониён бори дувум тавассути талошҳои ба таъбири Сарвари давлат: “Абармарди хирад ва сиёсат” – Амир Исмоили Сомонӣ насиби мардуми шарифи тоҷик гардид ва ҳамакнун марҳалаи нави соҳибдавлатии мо ба поёни асри гузашта ва таҳкими он дар ибтидои ҳазораи нави милодӣ марбут аст, ки бешак, ба ном ва пайкорҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад.

Ҳарчанд истиқлолияти Тоҷикистон дар сароғози хеш ба мушкилот ва муаммоҳои фаровони ба ҷанги шаҳрвандӣ пайванддошта мувоҷеҳ шуд, такя бар хиради азалии мардуми тоҷик ва чунин таҷрибаҳои нодири таърихи давлатдории миллии мо ба сиёсатмадори тавонои асри имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки аркон ва пояҳои давлати навини Тоҷикистонро пас аз ҳазорсолаҳо бори дигар истеҳком бахшида, тавассути ташаббусҳои омӯзандаи сатҳи ҷаҳонӣ, хоса таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ, талош дар ҳаллу фасли муаммоҳои мубрами сайёра, ки ба тақдири тамоми сокинони он марбутанд, ин давлати ҷавон ва меросбари тамаддунҳои бузургу куҳанро, ки реша дар қаламрави ориёӣ доранд, дар миёни анҷумани кишварҳои олам дар сатҳи матлуб муаррифӣ намоянд.

Эътирофи Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявиву ягона аз сӯи бештар аз 200 кишвари олам, баробари ин истиқболи шоёни шумораи зиёди давлатҳои ҷаҳон аз ташаббусҳои сарнавиштсоз ва бузурги Пешвои миллати мо дар самти эълони ду даҳсолаи бузурги марбут ба ҳалли масъалаҳои оби тоза, таъмини рушди устувори кишварҳои олам, муқовимат ба вабои аср ифротгароӣ ва зӯроварӣ худ гувоҳи он аст, ки имрӯз новобаста аз маҳдудаҳои марзиву ҷуғрофӣ обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад. Пешвои миллат дар китоби “Тоҷикистон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” барҳақ фармудаанд, ки: “Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи кураи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфуси олам – Русия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдории аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геополитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд”.

Бо таваҷҷуҳ ба ин андешаҳои созанда ва афкори судманди Пешвои миллат роҷеъ ба таърихи давлатдории миллии мо ва Тоҷикистони имрӯз метавон бо ифтихор ин ҳарфи саодат ва шарафро ба забон овард, ки агар низоми давлатдории миллии мо ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, дар даврони ҳукумати “Абармарди таърих ва сиёсат”Амир Исмоили Сомонӣ марҳалаи тозаеро бо анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик паси сар намуд, дар асри навин бо сипарӣ гаштани бештар аз 1100 сол тавассути талошҳои пайгиронаи меросбари асили ин шахсиятҳои барҷастаи таърихи тамаддуни ҷаҳон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора бар маснади таърихии хеш нишаста, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рисолати бузурги хешро дар марҳалаи нави ташаккули давлатдории миллии мо ба анҷом мерасонад.

Истиқлол ва ҳузури мунаввари Тоҷикистон ба унвони давлати миллӣ дар хатираи сиёсии ҷаҳон ормони деринтизори мардуми азизи мо, тамоми тоҷикони ҷаҳон буд, ки маҳз ин шарафи бузург дар замони имрӯз барои мо шаҳрвандону сокинони ин кишвари меросбари тамаддуни ориёиву Оли Сомон насиб гардид. Имрӯз бо камоли ифтихор ин се шахсияти бузург — Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пайкараҳои таърихи давлатдории миллӣ, худогоҳии миллии мардуми тоҷик ном бубарем, ки дар мароҳили мухталиф тарҳи давлатҳои миллии моро бунёд ниҳода, ба таҳкими давлатдории миллӣ омил гардиданд. Хосатан, дар асри навини таҳаввулоти таърихӣ ва айёми ҷаҳонишавии замони муосир бо камоли садоқат ва унсу ихлос бо такя бар таҷрибаи ниёгони шарафманди хеш дубора ба хостгоҳи бузурги таърихии худ нишастани мардуми тоҷик ва эҷоди давлате бо номи Тоҷикистон, ки чун мероси беназири ҳамон давлатҳои миллии куҳан маҳсуб мешавад, ба корномаҳои қаҳрамононаи Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад.

Ин ҳақиқати таърихиро ҳатто чандин тан аз сиёсатмадорону олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, намояндагони форсизабонони ҷаҳон ҳам эътибор ва ба маҷмуи ибтикороти ин сиёсатмадори барҷастаи асри мо баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, Ҳумер Абрамиён, муҳаққиқи муқими Австралия дар ҷараёни баргузории ҳамоиши байналмилалии “Паҷӯҳиши тамаддуни бостон: Аз дирӯз то имрӯз” бо камоли садоқат изҳор дошт, ки имрӯз дар ҳеҷ як кишваре аз меросбарони фарҳанги Наврӯзу Меҳргон ин оинҳои миллӣ бад‐он шукуҳе, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, доир намешавад. Абрамиён пешниҳоди таъсиси Донишгоҳе ба номи Куруши бузург дар Душанбе таъкид дошт: “Ҷойе дар ҷаҳон, ки ба рӯи Донишгоҳи Куруши Бузург оғӯш боз кунад, на Амрико, на Канада, на Аврупо ва на Эрон аст. Танҳо хоки хуби Тоҷикистон метавонад мизбон ва хонаи Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Бузург бошад”.

Барҳақ, имрӯз бо бунёди бузургтарин қасру кӯшкҳои ифодакунандаи шаҳомати таърихии миллати тоҷик, чун “Кохи Наврӯз”, ки пайкарае аз тахти таърихии Ҷамшед маҳсуб мешавад, боғи “Куруши Кабир”, бунёди чандин Наврӯзгоҳҳои ифодакунандаи асолати таърихии тамаддуни бостон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Данғара ва дигар суннатҳои нодири марбут ба эҳёи аносири фарҳанги миллӣ дар партави корномаҳои Пешвои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ҳақиқати ин эътирофи ҷаҳониёнро аз Тоҷикистони азизи мо ба унвони меросбари ин мероси бузурги тамаддуни ориёӣ тафсир мекунанд.

Ба ин хотир, мо ҳама сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки барҳақ хонаи умеди ҳамаи мо тоҷикон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон, тамоми шаҳрвандони ин сарзамини муқаддас аст, дар пешорӯи таърих ва наслҳои оянда вазифадор ва қарздор ҳастем, ки пеш аз ҳама ин Ватан, ин хоку оби муқаддас ва мероси бузургро самимона дӯст, ҳифз ва барои наслҳои оянда бо ҳамон шукӯҳу шаҳомати таърихии тавассути корномаҳои Асосгузори ин давлати навини миллии мо Эмомалӣ Раҳмон барқароргардида ба мерос гузорем. Ин ҳарфу каломи Пешвои миллат дар ин шоҳроҳи бузург чароғи ҳидояти мо наслҳои имрӯзу фардо хоҳад буд, ки бояд дар пештоқи хонаи қалбҳоямон, дар раҳгузори барномаҳои ватандӯстӣ ва дар фарози осмони ин хонаи уммеди ҳамаи мо, ки номаш Тоҷикистон аст, бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шавад:

“Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёкони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами дунё моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад”.

Нуралӣ Нурзод

доктори илмҳои филологӣ