«FIFA Women’s Football Campaign» дар Турсунзода

Shared to Facebook

Дар доираи барномаи рушди футболи занона «FIFA Women’s Football Campaign», ки ба оммавигардонии футболи занона дар Тоҷикистон равона шудааст, дар варзишгоҳи ТАЛКО-Арена фестивал ва мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар ин бора Фератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳадафи лоиҳаи «FIFA Women’s Football Campaign» тағйир додани муносибат ба футболи занона дар кишвар, ҷалб намудани духтарон ба машғулиятҳои футбол ва ҳавасманд намудани онҳо барои идома додани ин намуди варзиш мебошад. Барнома ҳамчунин ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакон равона шудааст.

Фестивал ва мусобиқаи футбол дар Турсунзода 200 духтари аз 6 то 12-соларо ҷамъ овард. Барои иштирокчиён эстафетаҳои футболӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун ташкил карда шуданд, ки ба кӯдакон эҳсосоти фараҳбахш ва хотироти фаромӯшнопазир бахшиданд.

Пас аз анҷоми фестивал ба ҳамаи кӯдакон медалҳо, тӯб ва либосҳои варзишӣ (футболка) тақдим карда шуд.

Шарҳи бештар дар: https://fft.tj/