Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ ва иншооти иҷтимоӣ дар Истиқлолу Гулистон

Shared to Facebook

21 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон як қатор иншооти нави саноатӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор дода, ба фаъолияти корхонаҳои нав оғоз бахшиданд.

Зимни боздид аз шаҳри Истиқлол Сарвари давлат марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ “Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ бо дастури Роҳбари давлат бунёд гардида, дар он бо ҷалби 250 коргари маҳаллӣ ва хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои насли нав истеҳсоли чор намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ашёи хоми корхонаи нав аз кони “Зарнисор”, ки дорои захираҳои фаровони маъдан мебошад, дастрас гардида, дар ин ҷо коркард мешавад. Аз ҷумла, консентрати сурбу нуқра, миси штейнӣ ва тилло истеҳсол гардида, маҳсулоти тайёр дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад.

Ба кор даровардани марҳилаи дуюм иқтидори корхонаро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Корхона имконият дорад, ки дар як сол 30 ҳазор тонна сурби холис, 1000 тонна миси штейнӣ, 40 тонна нуқраи холис ва 100 килограмм тиллои холис истеҳсол намояд.

Зимни муаррифии имконоти корхона таъкид гардид, ки дар корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол, дар маҷмӯъ, 10 навъи маҳсулот, аз ҷумла лӯлаи резинӣ, консентратҳои сурб, руҳ ва мис, сурби хом, миси штейнӣ, оксиди руҳ, сурби холис, нуқра ва тилло коркард ва истеҳсол карда мешавад. Ба ин навъи маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ талаботи зиёд мавҷуд аст.

Бунёди марҳилаи дуюми корхона идомаи тадбирҳое мебошад, ки барои рушди саноати маъдан ва гузариш ба коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ роҳандозӣ шудаанд. Ҳанӯз 16 ноябри соли 2017 зимни ифтитоҳи марҳилаи аввали корхона Президент ба масъулони соҳа ва роҳбарияти ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дастур дода буданд, ки барои бунёди корхонаи нав ва коркарди амиқи ашёи хом чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо ҳамин мақсад соли 2023 ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхона оғоз гардида, дар он 200 коргари маҳаллӣ ба фаъолият ҷалб шуданд.

Дар ҳудуди корхона ҳамчунин барои коргарону мутахассисон як қатор иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, хобгоҳ ва ошхона бунёд шудаанд.

Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар давоми 20 соли фаъолият бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар рушди саноати маъдан ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузоштааст. Айни замон дар ширкат ва корхонаҳои он 2200 нафар ба кор таъмин буда, 95 фоизи кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат ба масъулон дастур доданд, ки дар назди корхона парки технологӣ бо коргоҳҳои коркарди амиқи маъданҳо бунёд карда шавад. Ҳадаф аз ин иқдом афзоиши ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти тайёр, баланд бардоштани арзиши иловагии истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии минтақа мебошад.

Роҳбари давлат бунёди чунин корхонаҳои бузурги саноатиро барои рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Истиқлол муҳим арзёбӣ намуда, ба сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи саноат баҳои баланд доданд. Бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳр ва талаботи рӯзафзуни он ба ҷойҳои корӣ ва хизматрасонӣ, масъулон ҳамчунин барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ вазифадор гардиданд.

Ба истифода додани марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол 21.09.2026

Дар баробари рушди иқтидорҳои саноатӣ, ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳри Истиқлол низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ҳамин рӯз бо иштироки Сарвари давлат хатти нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, ки барои 19 ҳазор сокини шаҳр пешбинӣ шудааст.

Оби нӯшокӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд аз масофаи зиёда аз 17 километр интиқол дода мешавад. Лоиҳа барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи аҳолӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ нақши муҳим дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки хатти нави об бо қубурҳои қутрашон 250 миллиметр сохта шуда, дар он таҷҳизоти махсуси худҷорӣ насб гардидааст. Корҳои сохтмонӣ, тибқи лоиҳа, моҳи ноябри соли 2024 оғоз гардида, дар раванди татбиқи он 150 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Истифодаи хатти нави об на танҳо таъмини аҳолиро бо оби нӯшокии босифат беҳтар менамояд, балки барои сокинон имконияти бештар фароҳам меорад, ки дар заминҳои наздиҳавлигӣ сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш намоянд.

Ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол 21.09.2026

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон Президент шаш иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.

Нахуст дар шаҳри Истиқлол фаъолияти ҶДММ “Оҳаки Истиқлол” оғоз гардид. Корхонаи мазкур дорои иқтидори истеҳсоли 200 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз буда, баъди ба фаъолият оғоз кардан 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Маҳсулоти корхона дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад.

Тибқи нақша, дар оянда марҳилаи дуюми корхона низ бунёд гардида, бо ба кор даромадани он иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи кормандон афзоиш дода мешавад.

Айни замон дар шаҳри Истиқлол шаш корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 620 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр дар як сол 46 миллиону 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Гулистон низ ба рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар шаҳраки Чоруқдарон корхонаи истеҳсоли пахтаи минералии ҶДММ “Дилроз Ғаюр” ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсоли 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ дар як солро дорад. Дар он 60 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон, дар ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” ду дастгоҳи нави бофандагӣ ба кор андохта шуд. Иқтидори истеҳсолии таҷҳизоти нав 450 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот дар як солро ташкил медиҳад. Дастгоҳҳо аз ширкати “Вандевил”-и Белгия ворид гардида, бо ба кор даромадани онҳо 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон инчунин корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар заминаи бинои ҶДММ “Шамс тиҷорат” ба истифода дода шуд. Корхона иқтидори истеҳсоли 630 ҳазор дона тухми мурғро дар як моҳ дошта, дар он 20 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст. Корҳои сохтмонии иншоот соли 2025 оғоз гардидааст.

Корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғи ҶДММ “Сифат мурғ” низ дар шаҳри Гулистон ба фаъолият оғоз кард. Корхона дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсоли 320 тонна гӯшти мурғро дар як сол дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 18 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Тибқи маълумот, то моҳи сентябри соли 2026 дар ҳудуди шаҳри Гулистон зиёда аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Шумораи кормандони соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 550 нафар афзудааст.

Ҳамчунин, дар шаҳраки Адрасмон бинои навсозишудаи кӯдакистони “Садбарг” ба истифода дода шуд. Муассисаи томактабӣ баъди таъмири асосӣ барои фарогирии 350 кӯдак омода гардидааст.

Айни замон дар ҳудуди шаҳри Гулистон 11 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла як муассисаи хусусӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2087 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Пас аз шиносоӣ бо иншооти нави саноатӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани шароити кору зиндагии мардум ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рушди маҳалҳо дастуру тавсияҳо доданд. Ҳамзамон, ба масъалаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шуд.

Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон 21.09.2026