“Ҳамкории минтақавӣ дар Осиё”: Сироҷиддин Муҳриддин дар Анталия аз рушд ва суботи ҷаҳонӣ гуфт

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Панели Форуми дипломатии Анталия таҳти унвони “Ҳамкории минтақавӣ дар Осиё” иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 19 июн баргузор гардид, Вазир дар суханронияш гуфт, дар тӯли даҳсолаи ахир Осиё ба минтақаи пӯёӣ табдил ёфта, рушди назаррас нишон дод:

“Иқтидори азими иқтисодии он қувваи пешбарандаи рушд ва суботи ҷаҳонӣ гардид. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштарак бо истифода аз имконоти бузурги ҳамкории сармоягузорӣ муҳим аст. Ин иқдом ба ҳамкориҳои моддии минтақавӣ ва афзоиши суръати рушди иқтисодии кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард”, — изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ имкон медиҳад, ки имкониятҳои истифоданашуда кашф шаванд:

“Рушди зерсохтори минтақавии нақлиёт ва коммуникатсия яке аз самтҳои дигари авлавиятноки ҳамкорӣ мебошад ва Тоҷикистон мехоҳад ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавиро дар ин самт, ба вежа дар эҷод ва таҳкими иртиботи нақлиётӣ бо дигар кишварҳои минтақа густариш диҳад. Ба ин мақсад, Тоҷикистон ба таъсис ва барқарорсозии долонҳои нави минтақавии нақлиётӣ ва транзитӣ аҳаммияти махсус медиҳад”, — афзуд ӯ.

Дар ин бахши Форум инчунин намояндагони Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Малайзия суханронӣ кардаанд.