Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони собиқу навтаъини JICA

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони пешину навтаъини Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Бино ба хабари Вазорат, мулоқоти вазир бо собиқ роҳбари JICA дар Тоҷикистон Ҳидеки Танабе ва роҳбари навтаъйини он Такасака Мунео рӯзи 28 сентябр баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон тавассути Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои кунунии муштарак роҷеъ ба кӯмакҳои техникӣ ба иқтисод, маориф, тандурустӣ ва соҳаи иҷтимоии кишвар баррасӣ шудаанд.

Пиромуни ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 низ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки Ҳукумати Ҷопон тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кӯмаки Ҷопон (JDS) барои мутахассисони кишвари мо саҳми арзанда гузошта истодааст:

“Дар ин робита ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавсеа ёфта, ҷиҳати ифтитоҳи корхонаҳои муштарак бобати коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар иқдомҳо сурат гиранд”, — хабар дод манбаъ.

Дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба роҳбари собиқи Агентӣ Ҳидеки Танабе барои ҳамкории босамар ва дастгирии доимияш ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои грантии Ҷопон изҳори сипос намуда, ба роҳбари навтаъини он дар фаолияти баъдиаш дар Тоҷикистон муваффақият орзу кардааст.