Арзиши хизмати низомии алтернативӣ муайян шуд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи муайян намудани ҳаҷми маблағи хизмат дар ҳайати захиравӣ ва тартиби гузарондани онро имзо намудааст.

Ҳамакнун, бино ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода, тибқи ин қарор арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ дар артиши кишвар муқаррар шудааст.

Ба навиштаи “Азия-Плюс”, ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки як нишондиҳанда барои ҳисоб айни замон 60 сомониро ташкил медиҳад.

“Акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази он дар муддати 1 моҳ дар ҷамъомади ҳарбӣ иштирок кунанд. Барои ин ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ (2,2 ҳазор доллар) малағ пардохт кардан лозим аст. Маблағи мазкур вобаста ба дигар шудани нишондиҳанда барои ҳисоб тағйир ёфта метавонад”.

Гуфта мешавад, минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Зикр мегардад, ки ҳамаи шаҳрвандони аз 18 то 27-солае, ки қобил ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.

Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” дар таҳрири навро моҳи январи имсол Маҷлиси намояндагон — палатаи поёнии парламенти ҷумҳурӣ тасдиқ карда буд. Тибқи ин тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардида, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Теъдоде ҷавононе, ки метавонанд ба хидмати алтернативӣ фаро гирифта шаванд, ҳар сол аз тарафи ҳукумат муайян мегардад. Ҷавононе, ки пули хидмати алтернативиро пардохтаанд, вале дар мавсими ҷалб ба артиш ҷой намерасад, дар мавсими дигар ба хидмати якмоҳа мегиранд. То он замон афроде, ки пули хидмати алтернативиро падохтаанд, ба артиш бурда намешаванд.